Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи президент дар зиндон бо Сефилян мулоқот кард


Жирайр Сефилиян
Жирайр Сефилиян

Серж Саркисян-раиси ҷумҳури Арманистон омода аст бо шахси миёнрави Жирайр Сефилян-раҳбари ҷунбиши “Порламони муассис” мулоқот кунад.

Як гурӯҳи мусаллаҳи ҷонибдори Сефилян як ҳафта дар шӯъбаи пулиси ноҳияи Эребунии Ереван кормандони пулисро дар гаравгонӣ нигоҳ медошт ва 4 нафари онҳо 23 июл аз гаравгонӣ раҳо шуданд.

Онҳо раҳоии раҳбари худ Жирайр Сефилянро аз зиндон тақозо мекарданд. Вай 20 июни соли ҷорӣ барои бо худ доштани аслиҳаи ғайриқонунӣ боздошт шуда буд.

Дар бораи мулоқоти шахси миёнрави вай бо раиси ҷумҳур намояндаи порламон аз Қарабогғи Кӯҳистонӣ Виталий Баласанян-генерали мустаъфӣ ва миёнрави музокирот бо гурӯҳи мусаллаҳи гаравгонгир хабар дод.

Шарти мулоқот бо намояндаи раиси ҷумҳур ин буд, ки гурӯҳи гаравгонгир гаравгононро раҳо кунад ва аслиҳаи худро супорад. Генерал Баласанян рӯзи якшанбе хабар дод, ки намояндагони баландпояи раиси ҷумҳур дар зиндон бо Сефилян мулоқот кардаанд ва Сефилян дар ин мулоқот “масъалаҳои дорои аҳамияти миллӣ”-ро ба миён ниҳодааст.

Ин масъалаҳоро ба раиси ҷумҳур расондаанд. Сефилян аз талаби худ дар бораи истеъфои раиси ҷумҳур даст кашидааст

XS
SM
MD
LG