Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯхтор дар музеи Қирғизистонро хомӯш карданд


Музеи таърихии Қирғизистон дар Бишкек

Музеи таърихии Қирғизистон дар Бишкек

Кормандони вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон сӯхтор дар Музеи таърихии ин кишвар дар шаҳри Бишкекро хомӯш кардаанд. Ин сӯхтор шоми рӯзи гузашта рух додааст ва барои хомӯш кардани он шаш соат талош кардаанд.

Барои фурӯ нишондани забонаи оташ 5 мошини сӯхторнишон сафарбар шудаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати ҳолатҳои фавқулодда хабар додааст.

Тибқи ин хабар, толори конфронсҳо, ки 300 метри мураббаъро ташкил мекард, ба коми оташ рафтааст. Кормандон тавонистаанд дар муддат кӯтоҳи баъд аз сар задани оташ ашёи таърихиро аз ин толор ба таҳхона баранд. Касе осеб надидааст.

XS
SM
MD
LG