Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Самангон се фармондеҳи Толибон богздошт шудаанд


Се фармондеҳи калидии Толибон дар ҷараёни амалиёти вижаи нируҳои амниятӣ дар вилояти Самангон боздошт шудаанд. Дар ин бора вазорати корҳои дохилаи Афғонистон ба матбуот хабар додааст.

Хабаргузории Хома ба нақл аз қавли ин вазорат навиштааст, “нируҳои пулис ва амниятӣ дар амалиёти поккории вулусволии Дараи Соф аз Толибон ширкат доштанд ва дар ҷараёни амалиёти муштарак се фармондеҳи Толибон боздошт шуданд”.

Вазорати корҳои дохилаи Афғонистон ҳамчунин дар ин хабари худ гуфтаааст, ки боздошти фармондеҳони калидии Толибон барои таъмини оромӣ дар ин минтақа кӯмак хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG