Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумораи кушташудагон дар Кобул ба 20 нафар расид


Дар Кобул дар ҷараёни тазоҳуроти “Ҷунбиши Рӯшноӣ” ду таркиш рух додааст ва шумораи кушташудагон ба 20 нафар расидааст. Дар ин бора Исмоил Ковусӣ-сухангӯи вазорати тандурустии Афғонистон хабар додааст.

Дар ин ду таркиш бештар аз 160 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин таркишҳо дар ҳоле рух додаанд, ки ҳазорон нафар ақалиятҳои ҳазораи Афғонистон 23 июл дар Кобул ба тазоҳурот баромаданд ва талаб мекунанд, ки самти шабакаи интиқоли барқ тағир дода шавад. Эҳдоси ин шабака миллионҳо доллар арзиш дорад.

Эътирозгарон мегӯянд, ки хати 500 киловатаи интиқоли барқи Туркманистон-Кобул тавассути вилояти марказии Бомиён гузарад. Дар ин вилоят шумораи зиёди аҳолии ҳазора зиндагӣ мекунанд.

Ҳукумат мегӯяд, ки чунин кор миллионҳо доллар арзиш дорад ва эҳдоси шабакаро солҳо ба таъхир меандозад.

XS
SM
MD
LG