Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ереван гурӯҳи мусаллаҳ гаравгононро раҳо кард


Ҳамаи 4 нафар афсарони пулиси Арманистон, ки дар як шӯъбаи пулиси Ереван дар гаравгонии гурӯҳи мусаллаҳ нигаҳдорӣ мешуданд, 23 июл баъд аз як ҳафтаи гаравгонӣ раҳо шудаанд.

Виталий Баласанян-афсари баландрутбаи низомӣ, ки дар музокирот чун миёнрав фаъолият мекард, мегӯяд ду афсари охирон, ки дар гаравгонӣ буданд, дар ивази имкони сӯҳбат бо матбуот раҳо шудаанд. Ду нафари дигарро пештар аз ин субҳи 23 июл раҳо кардаанд.

Ин шӯъбаи пулисро 17 июл мардони мусаллаҳ ба тасарруфи худ дароварда буданд ва истеъфои Серж Сакисян-раиси ҷумҳур ва раҳоии Жирайр Сефилян-раҳбари ҷунбиши “Порламони муассис”-ро талаб мекарданд.

Сефилян барои бо худ доштани аслиҳаи ғайриқонунӣ 20 июни соли ҷорӣ боздошт шуда буд.

XS
SM
MD
LG