Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Кобул 10 нафар кушта шудаанд


Вазорати корҳои дохилаи Афғонистон хабар додааст, ки дар маҳали баргузории тазоҳуроти “Ҷунбиши Рушноӣ” дар Кобул таркиш рух додааст. Сиддиқ Сиддиқӣ-сухангӯи ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нируҳои амниятӣ дар ҳоли интиқоли афроди маҷруҳ ба шифохонаҳо мебошанд.

Оқои Сиддиқӣ нагуфт, ки дар ин рӯйдод касе кушта шудааст ё на. Вале хабаргузории Ройтерз аз қавли кормандони вазорат дар бораи куштори 10 нафар гузориш додааст ва гуфтааст, ки ин таркишро як шахси маргталаб анҷом додааст.

Шабакаи телевизионии “Тулӯъ” дар бораи ду таркиш дар Кобул хабар пахш кардааст. Як пизишки шифохона ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки аз маҳали таркиш наздик ба 100 захмӣ ба шифохона оварда шудаанд.

Ин таркишҳо дар ҳоле рух додаанд, ки ҳазорон нафар ақалиятҳои ҳазораи Афғонистон 23 июл дар Кобул ба тазоҳурот баромаданд ва талаб мекунанд, ки самти шабакаи интиқоли барқ тағир дода шавад. Эҳдоси ин шабака миллионҳо доллар арзиш дорад.

Эътирозгарон мегӯянд, ки хати 500 киловатаи интиқоли барқи Туркманистон-Кобул тавассути вилояти марказии Бомиён гузарад. Дар ин вилоят шумораи зиёди аҳолии ҳазора зиндагӣ мекунанд.

Ҳукумат мегӯяд, ки чунин кор миллионҳо доллар арзиш дорад ва эҳдоси шабакаро солҳо ба таъхир меандозад.

XS
SM
MD
LG