Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 23-юми июл дар шаҳри Душанбе дар толори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон намоиши либоси варзишии варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, ширкат мекунанд, баргузор шуд.

Либоси варзишӣ, ки онро ширкати "I am different" омода кардааст, ҳамранги Парчами миллии Тоҷикистон буда ва аз рангҳои сафед, сурх ва сабз иборат мебошад. Раҳбари ин ширкат Фарҳод Ҳомидов ба хабарнигорон дар бораи тарзи духти либоси варзишӣ иттилоъ дод.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба варзишгарони тоҷик, ки бо ин либосҳо Тоҷикистонро дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия намояндагӣ мекунанд, муваффақият орзу намуд.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи олимпии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ иброз дошт, ки либоси ҳайати варзишии Тоҷикистон барои гузаштани парад ҳангоми маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия омода шудааст.

Ба гуфтаи вай, ин либосро ба мисли олимпиадаи Пекин-2008 тарроҳи маъруфи тоҷик Мавлуда Ҳамроева таҳия кардааст, ки қаҳваранг ва зардча мебошад. Ин либос низ ба мисли либоси варзишӣ аз рӯи нақшу нигори миллӣ духта шудааст.

Дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия Тоҷикистонро ҳафт варзишгар -- муштзан Анвар Юнусов гурзпарто Дилшод Назаров, гуштигирони ҷудо Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, шиноварон Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов ва даванда Кристина Пронженко намояндагӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG