Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кобул ҳазораҳо ба эътироз баромаданд


Ҳазорон нафар ақалиятҳои ҳазораи Афғонистон 23 июл дар Кобул ба тазоҳурот баромаданд ва талаб мекунанд, ки самти шабакаи интиқоли барқ тағир дода шавад. Эҳдоси ин шабака миллионҳо доллар арзиш дорад.

Эътирозгарон мегӯянд, ки хати 500 киловатаи интиқоли барқи Туркманистон-Кобул тавассути вилояти марказии Бомиён гузарад. Дар ин вилоят шумораи зиёди аҳолии ҳазора зиндагӣ мекунанд.

Ҳукумат мегӯяд, ки чунин кор миллионҳо доллар арзиш дорад ва эҳдоси шабакаро солҳо ба таъхир меандозад.

Эътирозгарон дар назди Донишгоҳи Кобул гирдиҳам омадаанд ва он аз маҳали биноҳои ҳукуматӣ чанд километр дуртар аст. Онҳо парчамҳои Афғонистон дар даст “Адолат” , “Адолат” ва “Марг бар табъиз” шиор медиҳанд.

Тадбирҳои амниятӣ дар Кобул ташдид ёфтааст ва мақомоти интизомӣ роҳҳои аслиро бастаанд.

Нақшаи аввалияи кашидани шабакаи барқ аз Бомиён тарҳрезӣ шуда буд, вале акнун укумат мегӯяд, ки агар ин шабака аз кӯтали Соланг бигзарад аз миллионҳо доллар сарфаҷӯи ба амал хоҳад омад.

XS
SM
MD
LG