Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешравии Толибон дар наздикии марз бо Тоҷикистон


Ҷангҷӯёни Толибон чандин вулусволиро дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қундузи Афғонистон тасарруф кардаанд. Рӯзи 20 июл дар вулусволиҳои Дашти Арчӣ ва Қалъаи Зол байни нирӯҳои амниятӣ ва ҷангҷӯёни Толибон даргириҳои сангин доир шуд. Мақомоти Дашти Арчӣ мегӯянд, ки Толибон назорати аксари ин вулусволиро ба даст овардаанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, аксари қаламрави вулуволии Қалъаи Зол низ баъди 4 рӯзи набардҳои шадид ба дасти Толибон гузаштааст. Вакили парлумон аз Қундуз Абдуллоҳ Қарлуқ ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфт, ҷангҷӯён Қалъаи Золро пурра ва Дашти Арчиро 98 дарсад таҳти назорати худ даровардаанд. Дар ҳамин ҳол, Маҳмуд Дониш, сухангӯи волии Қундуз ба дасти Толибон гузаштани ҳеҷ кадом аз вулусволиҳои ин вилоятро рад карда, гуфтааст, ҳамлаҳои ҳавоӣ имкон доданд, ки бархе нирӯҳои ҷангҷӯёнро ақиб андозанд. Чирикиҳои Толибон дар моҳи сентябри соли 2015 барои чнад рӯз ҳатто шаҳри Қундуз, маркази вилоятро тасарруф карданд. Ин бузургтарин шаҳри Афғонистон буд, ки аз замони суқути режими Толибон дар соли 2001 ба дасти ин гурӯҳи чирикии мухолифи ҳукумати кунунии Афғонистон гузашта буд.

XS
SM
MD
LG