Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди Амрико барои истирдоди Фатҳулло Гулен


Фатҳулло Гулен

Фатҳулло Гулен

Вазири хориҷаи Туркия гуфт, Амрико пешниҳод кардааст, ки барои баррасии масъалаи истирдоди эҳтимолии рӯҳонии турки муқими Амрико Фатҳулло Гулен як кумиссиюн таъсис дода шавад. Мавлуд Човушуғлу рӯзи 22 июл гуфт, Туркия барои ширкат дар чунин кумиссиюн омода аст. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон Гуленро ба раҳбарии кӯшиши табаддулоти низомии 15 июл айбдор мекунад. Гулени 75-сола, ки аз соли 1999 дар табъиди ихтиёрӣ дар аёлати Пенсилванияи Амрико ба сар мебарад, кӯшиши табаддулотро маҳкум карда, ҳар навъ даст доштанаш дар он кудаторо рад мекунад. Анкара гуфтааст, ки барои истирдоди Гулен дархости расмӣ хоҳад фиристод, вале ҳанӯз ин корро накардааст. Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри қаблан гуфт, Вошингтон дархости истирдоди Гуленро баррасӣ мекунад, вале ҷониби Туркия бояд далоили кофӣ биорад. Мақомоти Туркия дар робита ба кудатое, ки субҳи 16 июл шикаст хӯрд, ҳудуди 60 000 нафари наздик ба Гулен, аз ҷумла омӯзгорон, пулис, низомиҳо ва қозиёнро аз кор барканор ё боздошт кардаанд.

XS
SM
MD
LG