Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи "ҷосусони Эрон" дар Кувайт


Силоҳҳои ёфтшуда аз қароргоҳи "Шабакаи Абдалӣ"

Силоҳҳои ёфтшуда аз қароргоҳи "Шабакаи Абдалӣ"

Додгоҳи Кувайт рӯзи 21 июл ҳукми қатли як марди муттаҳам ба ҷосусӣ барои Эронро ба қувваи худ боқӣ гузошт. Гуфта мешавад, ин мард ҷузъи шабакае буд, ки бо Теҳрон дар амри ба ҳам задани вазъи ин кишвари арабии халиҷи Форс ҳамкорӣ мекард. Эрон ҳар навъ иртиботаш бо ин шабакаро рад мекунад. Кувайт ва чанд кишвари дигари халиҷ, ки аксаран аз сӯи сунниҳо идора мешаванд, дер боз Теҳронро айбдор мекунанд, ки тавассути ҷамъиятҳои шиъаҳои маҳаллӣ ва таҳрик додани сиёсатмадорони маҳаллӣ қасд дорад, ин кишварҳоро заиф созад. Ба истилоҳ “Шабакаи Абдалӣ” соли гузашта дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои амниятӣ ба рустои Абдалӣ дар канори пойтахти Кувайт ва кашфи силоҳу маводи тарканда дар онҷо ошкор шуд. Кувайт 25 тан аз шиъаҳои маҳаллӣ ва як эрониро ба ҷосусӣ барои Эрон айбдор кард. Аз ин шумор, 23 нафар дар ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла “иқдомоти душманона” алайҳи Кувайт гунаҳкор шинохта шуданд. Ҳасан Абдулҳодӣ Ҳаҷия, раҳбари ин шабака ва узви Ҳизбуллоҳ, ба ҳукми қатл маҳкум шуд. Додгоҳ ҳукми шаҳрванди Эронро ба далели дар ҳоли фирор қарор доштанаш ҳанӯз содир накардааст. Додгоҳ ҳамзамони 10 нафарро, ки ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буданд, сафед кард ва ҳукми 9 тани дигарро пойин овард.

XS
SM
MD
LG