Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷилавгирӣ аз 4 кӯшиши ҳамлаҳои ДИИШ дар Тоҷикистон


Рамазон Раҳимзода

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ним соли гузашта аз чаҳор кӯшиши ҳамлаҳои аъзои "Давлати исломӣ" дар кишвар ҷилавгирӣ шудааст. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, 22 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, талоши ҳамлаҳои террористии аъзои ДИИШ дар Панҷакент, Хуҷанд ва ду ҳолат дар Душанбе сабт шудааст. Вай афзуд, мақомоти интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон тамоми талоши худро барои ҳифзи субот дар кишвар ба харҷ дода, аз ҳамагуна харобкориҳо пешгирӣ хоҳанд кард. Раҳимзода дар ин суҳбаташ гуфт, дар ҳоли ҳозир раванди ба сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон коҳиш ёфта, то кунун 50 нафар бо ёрии Вазорати корҳои дохилӣ аз майдонҳои ҷанги Сурияву Ироқ ба кишвар баргаштаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG