Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳодияи Аврупо (ИА) аз боздошту барканории ҳазорон нафар дар Туркия бо иттиҳоми даст доштан дар кӯшиши нокоми табаддулоти низомии рӯзи 15 июл изҳори нигаронӣ кард ва аз ин кишвар хост, то ба ҳуқуқи инсон ва ҳукми қонун эҳтиром гузорад. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 21 июл дар кишвар барои се моҳ вазъи изтирорӣ ҷорх кард. Ин дар ҳолест, ки дар Туркия алакай беш аз 60 000 нафар аз кормандони мактабҳову донишгоҳҳо, пулис, артиш ва низоми адлия ба далели ҳаводориашон аз кудато аз кор барканор ё боздошт кардаанд.

Раҳбарони идораи сиёсати хориҷӣ ва идораи тавсиаи Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могерини ва Йоҳаннес Ҳан рӯзи 22 июл дар як изҳороти муштарак гуфтанд, ки таҳаввулоти Туркияро “хеле аз наздик ва бо нигаронӣ” пайгирӣ доранд. Онҳо таъқиби бавижа омӯзгорон, қозиён ва журналистонро “ғайри қобили қабул” номида, гуфтанд, ки Туркия бояд ба “ҳукми қонун, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои аслӣ, аз ҷумла ҳуқуқи тамоми афрод ба муҳокимаи одилонаро эҳтиром кунад.” Қаблан ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар як тамоси телефонӣ аз сарвазири Туркия Биналӣ Йилдирим хост, то “таҳқиқи омилони кудаторо бо шеваҳое, ки эътимоди мардум ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳукми қонунро таҳким бахшанд, анҷом диҳанд.”

XS
SM
MD
LG