Пайвандҳои дастрасӣ

Керри аъзои НАТО-ро итминони хотир дод


Ҷон Керри

Ҷон Керри

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри муттаҳидони ин кишвар дар паймони низомии НАТО-ро итминони хотир дод, ки Амрико ба тааҳҳудаш ҷиҳати дифоъ аз онҳо “пурра содиқ” мемонад. Керри дар Вошингтон гуфт, ҳар маъмурияти чӣ демократ ва чӣ ҷумҳурихоҳ аз соли 1949 ба ин сӯ бар асоси банди 5-уми Паймони Атлантикаи шимолӣ, ки ҳамла ба як кишвари узви НАТО-ро ҳамчун ҳамла ба ҳамаи кишварҳои узв арзёбӣ мекунад, содиқ будааст.

Ин изҳори назари Керри баъд аз он аст, ки номзади ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп рӯзи 20 июл дар мусоҳиба бо нашрияи “The New York Times” гуфт, агар ӯ президент шавад, дар сурати дучори ҳамлаи Русия шудани кишварҳои соҳили Балтик ба таври автоматикӣ ба кӯмаки онҳо нахоҳад шитофт. Тармп гуфт, қаблан аз иқдом инро меомӯзад, ки ин кишварҳо то куҷо ба тааҳҳудоташон дар назди Амрико амал кардаанд.

XS
SM
MD
LG