Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Миллиардери амрикоӣ Доналд Трамп рӯзи 21 июл расман номзадиаш аз ҳизби ҷумҳурихоҳ ба президентии Амрикоро пазируфт. Ӯ ваъда дод, ки бо шиори “Американизм, на глобализм” пирӯз хоҳад шуд. Трамп рақибаш аз ҳизби демократ Ҳиллари Клинтонро ба идомаи хатти машши “марг, харобӣ, терроризм ва заъф” айбдор кард. Трамп, ки дар шаҳри Кливленди аёлати Оҳайо дар рӯзи ниҳоии анҷумани ҷумҳурихоҳон дар баробари издиҳом сухан меронд, гуфт, Амрико дучори бӯҳрон шудааст ва ӯ мехоҳад, “Амрикоро дар ҷои аввал гузорад ва бо шиори “Американизм, на глобализм” ба корзори интихоботӣ биравад. Трамп ваъда дод, ки “муҳоҷират аз ҳар кишвареро, ки ба терроризм гузашт мекунад, то замони таҳияи механизмҳои собиту санҷидашуда билофосила манъ хоҳад кард.” Трамп таҳти истиқболи пуршӯри издиҳом гуфт, “мо намехоҳем, онҳоро дар кишвари худ бубинем.”

XS
SM
MD
LG