Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози бунёди нахустин эстакада дар Тоҷикистон


Дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбле сохтмони эстакада (роҳҳои болои ҳам) оғоз ёфт. Ин эстакада аз қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанебро дар бар мегирад. Дар маросими оғози сохтмони ин тарҳ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок дошт.

Ба гуфтаи мақомот, ин чорсӯи нав аз се сатҳ иборат мебошад ва дар буриши хиёбони Нусратуллоҳ Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дувуми ин чорроҳа роҳи давродаврие сохта мешавад, ки тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи савум аз самти шарқ ба ғарб пул, ки дарозиаш 125 метр хоҳад буд, мегузарад. Дар ин тарҳ бунёди 4 роҳи зеризаминӣ барои пиёдагардон пешбинӣ шудааст.

Ин тарҳ дар чаҳорчӯбаи ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ иҷро мешавад. Онро Корпоратсияи роҳҳо ва купрукҳо “Синдзян-Бейсин”-и Чин амалӣ мекунад ва сифати сохтмонро ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат менамояд.

Ҳадаф аз бунёди ин тарҳ, беҳтар намудани шароити ҳаракат ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва раҳгузарон гуфта шудааст. Чунин роҳҳои болоиҳам (эстакада) аввалин маротиба дар Тоҷикистон бунёд мешавад. ва тибқи нақша, қарор аст ин тарҳ давоми ду соли оянда такмил шавад.

XS
SM
MD
LG