Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Туркия вазъи фавқулодда эътибор пайдо кардааст


Аз 21 июл вазъи фавқулоддаи семоҳа дар Туркия оғоз ёфт. Ин фармони Раҷаб Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури ин кишвар аст ва мегӯяд, ки ҷорӣ кардани чунин вазъ ногузир буд ва он бо авлавияти қонун муғоират надорад ва озодиҳои аввалияи шаҳрвандонро маҳдуд намекунад.

Мақомот мегӯянд, вазъи фавқулодда онҳоро водор мекунад, то онҳо бар зидди ононе, ки масъули талоши кудетои ҳафтаи гузашта ҳастанд, тасмими ҷиддӣ гирифта шавад. Дар ҷараёни ошӯб бештар аз 260 нафар кушта, 1500 нафар захмӣ шудаанд.

Ҳукумати Эрдуғон мегӯяд, ки “ангезандаи саратон” дар баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ корро то ба талоши кудетои 15 июл расонд. Вазъи фавқулодда, ки Эрдуғон онро зарурӣ медонад, бо оғози 21 июл эътибор пайдо кард.

XS
SM
MD
LG