Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти шаш бонки хурд дар Суғд


Раҳбарияти Бонки миллӣ дар Суғд мегӯянд, ки дар ним соли гузашта фаъолияти шаш бонки хурд дар ин вилоят қатъ карда шудааст. Ба қавли онҳо, баъзе ин бонкҳо ба "меъёрҳо ҷавобгӯ набуда" ва баъзеи дигар аз уҳдаи иҷрои вазифаашон набаромадаанд.

Фаъолияти 6 бонки хурд, аз ҷумла “Ҳамдастӣ” дар вилояти Суғд дар шаш моҳи аввали соли равон қатъ карда шудааст. Бахши Бонки миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, 5 ташкилоти қарздиҳии хурд ба сабаби ба меъёри нави Бонки миллӣ ҷавобгӯ набудан, (яъне доштани камтар аз 4 миллион сомонӣ сармоя), ихтиёран барҳам хӯрданд. Вале иҷозаномаи бонки хурди “Ҳамдастӣ” барои “иҷро карда натавонистани ӯҳдадориҳои худ дар назди мизоҷон” аз ҷониби Бонки миллӣ фаро хонда шудааст.

Наврӯз Валиев, мудири бахши минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки “Тафтиши Бонки миллӣ муайян кард, ки “Ҳамдастӣ” ба ғайр аз маблағи 12 амонатгузор дигар пули мизоҷонашро дар тавозуни худ нишон надодааст. Раҳбарони ин ташкилоти қарзӣ ҳамроҳи кормандонаш пули мизоҷони худро бо роҳи берун аз ваколати худ ғайримақсаднок истифода бурдаанд. Ин ҳол вазъи молии бонки мазкурро бисёр мушкил гардонд ва моҳи марти соли ҷорӣ муфлис эълон карда шуд.”

Ҷаноби Валиев афзуд, дар ҳоли ҳозир раванди барҳам додани бонки хурди “Ҳамдастӣ” идома дорад ва даҳҳо нафар мизоҷони он наметавонанд пули худро бозпас бигиранд. Ба гуфтаи вай, алайҳи мудири бонки “Ҳамдастӣ” Сурайё Почоҷонова “барои аз худ намудани маблағҳои амонатгузорон”, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба гуфтаи мизоҷони “Ҳамдастӣ, "истифодаи ғайримақсадноки пули мизоҷон" ба он маъност, ки масъулони ин бонк маблағҳои онҳоро барои амонати суднок гирифта, вале аз номи бонк санади расмӣ таҳия накардаанд ва он маблағҳоро худ ба гардиш даровардаанд. Мизоҷони “Ҳамдастӣ” қарзи ин бонки хурд аз шарикону мизоҷонашро ҳудуди 1 миллион доллар мегӯянд. Вале афроди наздик ба таҳқиқи ин қазия, қарзи ин бонкро камтар медонанд.

Мушкили молии ин бонк соли 2013 замоне ошкор шуд, ки муовини сардори бахши қарздиҳии ташкилоти “Ҳамдастӣ” Насим Мамадҷонов, ба гуфтаи мақомоти тафтишоти парвандаи ӯ, бо роҳи қаллобӣ аз номи даҳҳо сокин маблағҳои бонкиро аз худ карда, баъди фош шудани ин амалаш, фирор кард.

Дар пайи шикояти ҳудуди тан аз 10 сокинон, бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд нисбати ин масъули бонки “Ҳамдастӣ” бо айби "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон", парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Вале то ба ҳол ин масъули собиқи бонки “Ҳамдастӣ” боздошт нашудааст ва куҷо рафтани даҳҳо ҳазор доллар маблағҳои ба номи сокинон азхудкардаи ӯ ҳам маълум нест.

Баҳром Солиев, як сокини шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, масъулони бонки “Ҳамдастӣ” бо хоҳари вай Зинатой Солиева муомилоти пулие доштанд, ки дар ниҳоят хоҳарашро ба зиндон бурд: “Кормандони бонк ба номи хоҳараму падарам ва бо имзои сохта 37 ҳазор доллар қарз гирифта, бо фоидаи баланд ба дигарон додаанд. Аммо вақти тафтиш мақомот ин пулҳоро аз хоҳарам пурсиданд. Вай як соҳибкори оддӣ буд, натавонист аз ҷайби худаш пардозад ва бо гуноҳи “қаллобӣ” 9 сол ҳабсаш карданд."

Баҳром Солиев афзуд, то ҳол тариқи додгоҳ барои озод кардани хоҳараш талош доранд ва навори лаҳзаеро, ки хоҳараш ба ваъдаи додани қарз аз ҷониби “Ҳамдастӣ” ба шартнома имзо гузоштааст, дар ихтиёри додгоҳ гузоштаанд.

Гавҳаралӣ Ёров, масъули барҳамдиҳии бонки “Ҳамдастӣ” дар як мусоҳиби қаблиаш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барҳам додани бонк ва имкони баргардонидани маблағҳои мизоҷон эҳтимолан то ду соли таъиншуда аз сӯи додгоҳ, идома хоҳад дошт. Вай мегӯяд: “Касоне, ки пулҳоро гирифтанд, гурехта рафтаанд, акнун раҳбари “Ҳамдастӣ” онҳоро кофта гаштааст, ки пули мизоҷонро баргардонад.”

Бино ба маълумоти бахши Бонки миллӣ дар вилояти Суғд, дар ин минтақа 146 бонк ва 748 марказҳои хидматрасонӣ ва интиқоли маблағ ба сокинон хизмат мерасонанд. Шумораи ин ташкилотҳои қарздиҳӣ бинобар таъсири манфии бӯҳрони молӣ аз соли гузашта то кунун 45 адад кам шудааст.

Ташкилоти қарздиҳии хурди “Ҳамдастӣ" соли 2009 ба ҳайси “ташкилоти қарздиҳии хурд” дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфтаст. Ба гуфтаи масъулонаш, ин бонки хурд дар системаи бонкии Суғд ҷойгоҳи молии қавие надошт. Теъдоди муштариёнаш ҳам ҳамагӣ чандсад нафар буд ва ба онҳо то 4 ҳазор доллар қарз медод.

XS
SM
MD
LG