Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия баъди кудато. Падруд, демократия?(ВИДЕО)


Истиқбол, нигаронӣ, умед – вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кудатои низомӣ дар Туркия ва бархӯрди ҳукуматдорон ба ин кӯшиши табаддулоти давлатиро бо ҳамин се вожа метавон баён кард.

Истиқбол аз ноком шудани кудато, Нигаронӣ аз бархӯрди дурушти мақомоту таҳдиди аз байн рафтани арзишҳои демокративу озодиҳои шаҳрвандӣ ва эҳёи ҳукми эъдом ва Умед ба он ки Анқара ба гирдоби нооромиҳо кашида нахоҳад шуд. Дар ҳамин ҳоле бархе аз таҳлилгарон ба он нукта таъкид мекунанд, ки аъмоли ҳукумат баъд аз шикасти кӯшиши табаддулоти давлатӣ боис ба коҳиш ёфтани нуфузу эътибори Туркия дар чашми ҷаҳониён шудааст.

"ҚАЗИЯИ КУДАТО ҲАНӮЗ ПОЁН НАЁФТААСТ"?

Дар Туркия барои се моҳ вазъи фавқулодда эълон шуд. Раисиҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар суханроние дар Анқара рӯзи 20 июл дар шарҳи ин тасмим гуфт, ки мардум набояд дар робита ба боқӣ мондани демократия, волоияти қонун ва дифоъ аз озодии баёну ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ нигарон бошанд. Як рӯз пеш дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира" ӯ изҳор намуд, ки қазияи кудатои низомӣ то хатти поёнаш нарасидааст ва ҳанӯз боқимондаҳои табаддулотгарон фаъоланду шояд ҳафтаҳои оянда даст ба иқдомоте бизананд.

Суханронии Эрдуғон дар ҷамъи ҷонибдоронаш
Суханронии Эрдуғон дар ҷамъи ҷонибдоронаш

Дар ҳамин ҳол сиёсатмадорони ғарбиро, ки рӯзҳои ахир шоҳиди саркӯбии бесобиқаи мухолифин дар Туркия шудаанд, маҳз таҳдид ба арзишҳои демократӣ, аз ҷумла, нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандиву маҳдудсозии озодии баён ва эҳтимоли эҳёи ҳукми эъдом водор ба андеша кардааст. Мартин Шултс, раиси Порлумони Аврупо, аз шикасти кудато дар Туркия изҳори хушҳолӣ кард ва аммо аз он нигарон аст, ки ҳукумати Анқара на фақат бо боздошти даҳҳо ҳазор нафар ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандиро поймол месозад, балки дар фикри эҳёи ҳукми эъдом аст. “Ин бархӯрде нест, ки аз нигоҳи мо, баъд аз нокомии табаддулоти давлатӣ бояд аз он кор гирифта шавад ва мо умедворем, ки дар Туркия ба тарзи бархӯрди демокртаӣ, озодии расонаҳо, кафолати додгоҳи одилона ва ҳифзи ҳуқуқҳои ҳар шахс, яъне, ба меъёрҳое, ки Иттиҳодияи Аврупо ба онҳо авлавият медиҳад, дар ин давраи басо мушкил арҷ гузошта хоҳад шуд,” - афзуд ӯ.

Вазири умури хориҷии Фаронса Жан-Марк Эйро изҳор намуд, Париж диктатураи низомиро қабул надорад, вале мақомоти Туркия ҳам набояд пушт сӯи демократия кунанд. “Волоияти қонун бояд дар мадди аввал бошад,” - таъкид намуд раиси идораи сиёсати берунаи Фаронса.

Аз ин пеш Зайд Раъад ал-Ҳусейн, масъули бахши ҳуқуқи башар дар Созмони Милали Муттаҳид аз Анқара хост, ки дар пайгирии кудато берун аз қонун пой нагузоранд. Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар, дар як изҳорот рӯзи 19 июл таъкид намуд, ки нозирони мустақил бояд ҳаққи вуруд ба зиндону боздоштгоҳҳоро дошта бошанд ва бо шароити нигаҳдории афроди баъд аз кудато боздоштшудаву дастрасии онҳо ба мулоқот бо вакилони мудофеъ ва аҳли хонаводаҳояшон ошно шаванд. Ҳуқуқи инсон набояд ба хотири амният поймол шавад ва афроди бегуноҳ ҳам пушти панҷара раванд, гуфтааст Зайд Раъад ал-Ҳусейн. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, эҳёи ҳукми эъдом дар Туркия – "нақзи ӯҳдадориҳои байнулмилалии Анкара дар робита ба ҳуқуқи башар ва гоми нодуруст" хоҳад буд.

ИШТИБОҲРО БО ИШТИБОҲ НАМЕТАВОН ИСЛОҲ КАРД

Эҳтимоли эҳёи ҳукми эъдом маҳофили Туркияро пушти ду сангар қарор додааст – гурӯҳе барои дубора ҷорӣ шудани ин ҷазо пойфишорӣ доранд, гурӯҳ мегӯяд, ки дар кишвари демократӣ ҷое барои ҳукми эъдом нест. Ҳукми эъдом дар Туркия соли 2004 лағв шуд, Бори ахир ин ҳукм 32 сол пеш – соли 1984 иҷро шуда буд. Баъд аз омодагии Эрдуғон барои эҳёи ҳукми эъдом раҳбари Ҳаракати миллатгароҳои Туркия Давлат Бахчӣ ҳам аз он пуштибонӣ кард. Ба гуфтаи сиёсатмадор, агар Ҳизби адолат ва тараққиёт ин мавзӯъро бипазирад, миллатгароҳо низ омодаанд барои он овоз диҳанд. Ҳукми эъдом ҳангоми ҷанг, табаддулоти давлатӣ ва таҳдиди террористӣ бояд дар кишвар иҷро шавад, мегӯяд Давлат Бахчӣ.

Қабл аз изҳороти масъули ҳуқуқи башари СММ нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим гуфт, дар кишваре, ки қонун волоият дорад, ҷойе барои интиқом нест ва як иштибоҳ наметавон бо иштибоҳи дигар ислоҳ кард.

Дар Туркия беш аз 60 ҳазор нафар боздошт шудаанд
Дар Туркия беш аз 60 ҳазор нафар боздошт шудаанд

Шикасти кудато дар Туркия таъқиби бесобиқаи мухолифинро дар пай дошт – тайи чанд рӯз беш аз 60 ҳазор нафар боздошт ё аз мақом барканор шуданд ва миёни онҳо, ба ҷуз низомиёну кормандони полис, хизматчиёни давлативу донишмандону рӯзноманигороне ҳам зиёданд, ки аз нигоҳи Анқара, ба таври кофӣ ба раисиҷумҳур Эрдуғон содиқ нестанд. Тақрибан 15 ҳазор омӯзгорону устодони донишгоҳҳо, якуним ҳазор декан, тақрибан 9 ҳазор кормандони вазорати умури дохилӣ, якуним ҳазор кормандони вазорати молия ва 250 мансабдори дафтари нахуствазир бекор мондаанд. Ҳудуди 6 ҳазор низомиён боздошт ва 9 ҳазор кормандони полис ихроҷ шуданд, фаъолияти 3 ҳазор додрас мутаваққиф шуд.

Ҳамаи онҳо аз рӯҳонии маъруфи муқими Амрико Фатҳуллоҳ Гулен пуштибонӣ мекунанд, ки созмондиҳандаи асосии ошӯби низомиён аст, мутмаинанд раҳбарони Туркия. Ошӯбе, ки шаби 15 июл аз сӯи гурӯҳи низомиён сар зад ва дар он, ба иттилои расмӣ, дасти кам 270 нафар ҷон бохта, тақрибан 1,5 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудааст. Ошӯбгарон 246 корманди пулис, сарбоз ва сокини осоиштаро куштаанд, гуфт раисиҷумҳури Туркия дар суханронии ахираш дар Анқара. Ҳоло Анқара аз Вошингтон талаб дорад, ки “раҳбари ошӯбгарон” Фатҳуллоҳ Гуленро таслим кунад - асноди зарурӣ барои истирдоди рӯҳонии маъруф ба ИМА фиристода шудааст.

Аббос Ҷаводӣ
Аббос Ҷаводӣ

Ба гуфтаи Аббос Ҷаводӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ, тайи ду даҳсолаи ахир ҷонибдорони Гулен дар артиш, полис, низомӣ додгоҳӣ ва бахши таҳсилу тадрис мақом пайдо карданд. Онҳо ибтидои солҳои 2000-ум ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон барои расидан ба қудрат ва сипас барои дубора дар мақом мондан кӯмак карданд. Мусоҳиби мо меафзояд, соли 2011 Эрдуғон ҳама гуна робитаҳо бо Фатҳуллоҳ Гуленро барканд ва мансабдорони ҷонибдорони ӯро аз полису артиш берун намуд, ҳарчанд, тавре дида мешавад, гурӯҳҳое аз ҷонибдорони рӯҳонии маъруф дар артиш боқӣ монданд.

ТУРКИЯ ОБИСТАНИ ТАБАДДУЛОТИ НАВ АСТ?

Бархе аз таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки боздоштҳову нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон беҷавоб нахоҳанд монд ва кӣ медонад, шояд Туркия обистани табаддулоти нав, ин дафъа тазоҳуроти густурдаи мардуми норозӣ аст. Дар ҳамин ҳол бадрафтории Анқара ба онҳое, ки дар пуштибонӣ аз кудато гумонбар мешаванд, чеҳраи сарони Туркияро дар назари Ғарб зишттар месозад ва боиси пойин рафтани нуфузуи эътибори кишвар дар чашми ҷаҳониён мегардад. Ҳарчанд, ба гуфтаи Озод Маҳдӣ Мадавӣ, таҳлилгари сиёсии муқими Олмон, Раҷаб Тайиб Эрдуғон қабл аз ин ҳаводис ҳам дар Ғарб аз маҳбубияти зиёд бархӯрдор набуд ва чун шахси исломгарову миллатгарое шинохта мешуд, ки робитаи хубе бо рӯзномаҳо ва рӯзноманигорон надошт. Агар кудатои низомӣ боиси андаке маҳбуб шудани Эрдуғон дар дохили Туркия шудааст, рафторҳои тунди режим ва боздоштҳои бесобиқа маҳофили ғарбиро ҳарчӣ бештар мутмаин месозанд, ки Эрдуғон бо тадриҷ сӯи як мақоми худкома ҳаракат мекунад, меафзояд Озод Мадавӣ.

Ба гуфтаи таҳлилгар, бархӯрди Анқара ба табаддулоти давлатӣ баёнгари он аст, ки Туркия ба зудӣ бо ҳамон демократияи “нимбанд”-аш ҳам падруд хоҳад гуфт.

Қадир Гулкориён, сиёсатшиноси муқими Қибрис, пешакӣ таҳия шудани рӯйхатҳои масъулину кормандони норозӣ аз ҳукумат дар ниҳодҳои низомӣ ва сохторҳои давлатиро аз эҳтимол дур намедонад. Аслан кудато баҳонае шуд, ки ҳукумати Анқара даст ба саркӯбии ҳама мухолифинаш шавад, мегӯяд ӯ. Аммо таҳлилгар бо фарзияе, ки кудато як "саҳнасозӣ" аз сӯи худи Эрдуғон буд, розӣ нест. Агар ҳадди аққал як дар сад эҳтимол вуҷуд медошт, ки ин тарҳ дучори шикаст мешавад ё мардум даъвати раисиҷумҳур Эрдуғонро барои пуштибонӣ аз ҳукумат намепазируфтанд ё ҳизбҳои мухолиф аз ҷонибдоронашон даъват мекарданд, ки на аз Эрдуғон, балки аз кудато ҳимоят кунанд, сарвари давлат садамаи шадид медид ва “бозӣ”-яш алайҳи худаш тоб мехурд, мутмаин аст Қадир Гулкориён.

Нигоҳ ба паёмадҳои ҳаводиси Туркия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Вазъи фавқулодда дар Туркия то 20 октябр идома хоҳад кард. Президент Эрдуғон таъкид намуд, ки дар ин муддат чораҳои зарурӣ барои аз байн бурдани таҳдидҳо алайҳи демократия, ҳукумати қонун ва ҳуқуқу озодиоҳи мардум бояд босуръат ва ба таври таъсирбахш анҷом шаванд. "Ба унвони фармондеҳи нерӯҳои кишвар дастури вазъияти фавқулодаро иҷро хоҳам кард, то ҳама вирусҳоро дар даруни нерӯҳои мусаллаҳ поксозӣ кунам."

Ин "поксозӣ" чӣ гуна анҷом хоҳад ёфт ва оё "кудатои мардумӣ”-ро ба думбол нахоҳад дошт, вақт нишон медиҳад...

XS
SM
MD
LG