Пайвандҳои дастрасӣ

Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали соли 2016 дар марз бо Афғонистон 15 маротиба вориди задухӯрдҳои мусаллаҳона шудаанд. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ рӯзи 20 июл дар нишасти нимсолаи Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, дар ин даргириҳо 7 марзшикан кушта, дуи дигар захмӣ ва 13 тан дастгир шудаанд. Ба гуфтаи генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, дар нимаи аввали сол марзбонони тоҷик ҳудуди 700 кило маводи мухаддир, 19 мил аслиҳа ва 297 кило маводи тарканда мусодира кардаанд. Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи мустақим дорад, ки аз сӯи гурӯҳҳои қочоқбар барои интиқоли маводи мухаддир ба “бозори сиёҳ”-и Осиёи Марказӣ, Русия ва ҳатто Аврупо истифода мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG