Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин довталабони курсии президентӣ дар Қирғизистон


Адахон Мадумаров
Адахон Мадумаров

Адахан Мадумаров, раиси Ҳизби "Бутун Киргизстан" мегӯяд, тасмим дорад, дар интихоботи президентии ояндаи кишвараш, ки қарор аст, соли 2017 баргузор шавад, иштирок кунад.

Дар ин бора Мадумаров зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек иттилоъ додааст.

Вай дар шарҳи тасмимаш гуфтааст, "вазифаи президентӣ барои ман воситаи хизмат ба мардум аст". Ӯ афзудааст, ки интихобот бояд озоду одилона баргузор шавад.

Фелик Қулов, раҳбари Ҳизби "Ор-Номус"-и Қирғизистон, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, гуфт, дар бораи пешбарии номзадияш ба мақоми президентӣ фикр накардааст, вале тасмими ниҳоиро ҳам дар ин бора ҳанӯз нагирифтааст.

Ин ду нафар дар бораи ташкили як эътилофи ҳизбӣ сухан ронда гуфтаанд, ки дар интихоботи гузаштаи Қирғизистон ба қонуншиканиҳо роҳ дода шуда буд. Сиёсатмадорони қирғиз афзудаанд, ки бояд қонун дар бораи интихоботи кишварашон тағйир дода шавад. Ба гуфтаи онҳо, дар Қирғизистон бояд низоми интихоботии Латвия роҳандозӣ шавад.

XS
SM
MD
LG