Пайвандҳои дастрасӣ

Дар задухӯрди Ереван 45 нафар захмӣ шудаанд (ВИДЕО)


Садҳо тан аз эътирозгарон дар Ереван ба маъмурони пулиси саропо мусаллаҳ бо сангу кулӯх ҳамла карданд ва ин задухӯрд бо боздоштҳову захмӣ шудани теъдоде аз онҳо гардид. Задухӯрд баъди он шуруъ шудааст, ки дархости як гуруҳи мусаллаҳ барои дарёфти озуқа сарфи назар гардидааст.

Ин гуруҳ аз 17 июл боз дар шӯъбаи пулис дар маҳаллаи Эребунӣ чанд нафарро гаравгон гирифта ва истеъфои раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисян ва раҳоии раҳбарашон Жирайр Сефилиянро талаб доранд. Сефилиян моҳи гузашта бо иттиҳоми қасди ташкили ошӯби мусаллаҳона дастгир шудааст.

Пулиси Арманистон барои пароканда кардани таҷаммӯи норозиҳо дар Ереван аз норинҷакҳои гиҷкунанда истифода бурдааст. Вазорати тандурустии Арманистон эълон кард, ки дар пайи ин задухӯрд 45 нафар ба бемористон интиқол ёфтаанд ва 25 нафари онҳо маъмурони пулис ҳастанд. Ба камияш 13 нафари дигар дар шифохонаи Григор Лусаровичи Ереван бистарӣ шудаанд. Пизишкон мегӯянд, ки 11 нафари онҳо афсарони пулис мебошанд ва ҷароҳати 2 нафари онҳо ҷиддист.

Хабаргузории ТАСС-и Русия гузориш додааст, ки Мовсес Шавердиян, раиси Ҳизби сотсиалисти Арманистон, ҷароҳати ҷиддӣ бардоштааст ва аз сараш ҳам хун меравад. Хешовандони ин сиёсатмадор мегӯянд, ки вай аз муоинаи тиббӣ мегузарад.

Эътирозҳо дар соатҳои аввали 21 июл давом дошт ва тақрибан 2 000 нафар дар назди ҳалқаи пулиси зиддитазоҳурот садд бардоштаанд. Хабарнигори бахши армании Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса гузориш дод, ки дар болои “асфалт” изи хун дида мешавад. Як марди солманд, ки чеҳрааш хунолуд буд, мегӯяд, ки вайро пулис бо чӯбдасти худ задааст. Дар маҳалли ҳодиса ба камияш се мошини “Ёрии таъҷилӣ” ҳам мушоҳида шудааст.

Мардони мусаллаҳ шӯъбаи пулиси ноҳияи Эребуниро бомдоди 17 июл ба тасарруфи худ дароварданд. Дар ин ҳамла як корманди пулис кушта, 6 нафари дигар захмӣ шуданд. Онҳо то ҳол се гаравгонро озод карда, 4 афсари дигари пулисро дар асорат нигоҳ медоранд.

Афроди мусаллаҳи гаравгонгир раҳоии Жирайр Сефилян, раиси ҷунбиши мухолифони сиёсӣ “Маҷлиси муассисон” -ро талаб кардаанд. Вай моҳи гузашта барои бо худ доштани силоҳи ғайриқонунӣ боздошт шуда буд. Онҳо ҳамчунин мехоҳанд, ки Серж Саркисян аз мақоми раёсати ҷумҳури Арманистон истеъфо диҳад.

Мақомот ин дархостҳоро рад кардаанд ва мегӯянд, ки музокира бо гурӯҳи гаравгонгири мусаллаҳ барои таслим кардани худ идома дорад. Самвел Ҳованнесян, муовини раиси пулиси Арманистон, ба Озодӣ гуфт, шуморе аз афсарони пулис дар задухӯрдҳои рӯзи 20 июл дар назди шӯъбаи пулис ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамчунин дар бораи ташаннуҷ дар қисматҳои дигари муҳосирашуда гузоришҳо мерасанд.

Никол Пашинян, намояндаи порлумон аз ҷунбиши мухолифон, ки нақши миёнрав дар музокира бо гурӯҳи мусаллаҳи гарвгонгир ва пулисро роҷеъ ба масъалаҳои озуқа ва амсоли он бар уҳда дорад, 20 июл талош кард, ки дар бораи вазъият бо ҳар ду ҷониб, яъне ҳам бо эътирозгарон ва ҳам бо пулис сӯҳбат кунад.

Ҷунбиши “Маҷлиси муассисон” аз барномаҳои ҳукумат дар бораи ҳалли муноқишаи тӯлонии Қарабоғи Кӯҳӣ сахт интиқод мекунад. Ҳам Арманистон ва ҳам Озарбойҷон иддао мекунанд, ки Қарбоғи Кӯҳӣ қаламрави онҳост.​

XS
SM
MD
LG