Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия 99 генералро ба кӯшиши кудато айбдор кард


Генерали турк Оқин Ӯзтурк баъди боздошт
Генерали турк Оқин Ӯзтурк баъди боздошт

Туркия расман 99 генералро ба даст доштан дар кӯшиши нокоми табаддулоти низомии 15 июл айбдор кард. Ин тақрибан сеяки қишри аввали фармондеҳии низомии Туркияро ташкил медиҳад. Ҳудуди 50 000 сарбоз, пулис, қозӣ, ходимони мулкӣ ва омӯзгорон дар робита ба кӯшиши табаддулоти низомӣ боздошт, барканор, ё аз кор мамнӯъ шудаанд. Гумон меравад, ки аксари онҳо бо рӯҳонии турк Фатҳулло Гулен, ки дар Амрико ба сар мебарад, робита доштанд. Мақомоти Туркия Гуленро ба раҳбарии талоши ахири кудато айбдор мекунанд ва аз Амрико истирдоди ӯро мехоҳанд. Худи Гулен даст доштанаш дар кӯшиши ахири табаддулоти низомӣ дар Туркияро рад мекунад. Рӯзи 19 июл Шӯрои олии Туркия 1577 раҳбари риштаҳо дар донишгоҳҳоро барканор карда, иҷозатномаи фаъолияти ҳудуди 21 000 устоди донишкадаҳои хусусиро фаро хонд. Ҳамчунин Оҷонсии мубобиротии Туркия рӯзи 20 июл дастрасӣ ба сомонаи пурмоҷарои WikiLeaks-ро масдуд кард. Ин сомона як рӯз қабл садҳо ҳазор номаҳо аз мукотиботи электрони ҳизби ҳокими адолат ва тараққиёти Туркияро ифшо кард.

XS
SM
MD
LG