Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анвар Юнусов: Ба Олимпиадаи Рио барои медал меравам


Муштзани маъруф Анвар Юнусов Тоҷикистонро дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки аз 5-ум то 21-уми августи соли равон дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешаванд, намояндагӣ мекунад.

Олимпиадаи Рио барои ӯ севумин Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад. Вай ин дафъа дар мусобиқаи бокс дар вазни зери 60 килограмм рақобат хоҳад кард. Анвар Юнусов дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар пойтахти Озарбойҷон – Боку – баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио шудааст.

Ӯ дар сӯҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ба ман гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016-ум дар Бразилия ба осонӣ ба даст наомадааст. Ман хеле сахт ва босубот меҳнат кардам, то ки ба мақсад бирасам. Ҳамагон интизор набуданд, ки ман дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ соҳиби роҳхат мешавам. Ман шаш қувваозмоии хеле мушкил анҷом додам."

Анвар Юнусов дар ин мусобиқа баъди чор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Литва, Покистон, Италия ва Туркия ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар робита ба иштирокаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки ҳамзамон мусобиқоти интихобии олимпӣ маҳсуб мешуд, гуфт, ки дар қувваозмоӣ бо муштзани Чин Ҷун Шан доварон нисбаташ ноҳаққӣ карданд ва рақиби ӯро пирӯз донистанд.

Анвар мегӯяд, ки "ин дафъа дар Боку дар даври ниманиҳоӣ ӯро мағлуб карда, қасоси бохтро гирифтам. Ман ба финал баромадам ва бисёр мехостам, ки медали тилло бигирам ва Суруди миллии Тоҷикистон садо бидиҳад. Вале, мутаассифона, дасти чапи ман каме лат хӯрда буд, бинобар ин дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Энрико Лакруз аз Ҳолланд шикаст хӯрдам."

Дар айни ҳол Анвар Юнусов дар шаҳри Душанбе, дар толори бокси бошгоҳи варзишии “Локомотив”-и Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон тамрин карда, ба Бозиҳои олимпии Рио-2016 омодагӣ мебинад. Дар ин ҷо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Ӯ мегӯяд, ки "омодагӣ дар сатҳи олӣ ҷараён дорад. Субҳу шом машқ мекунем. Медавем, ба кӯҳ мебароем, ҳаррӯз як соат шино мекунем. Чунонки ба мусобиқоти ҷаҳонии интихобии олимпӣ омодагӣ дидем, ҳамон гуна дар хона тайёрӣ мебинем."

Анвар Юнусов: Қасоси бохтро гирифтам
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Бояд тазаккур дод, вазни Анвар Юнусов дар муддати 8 соли ахир 9 кило афзудааст ва ӯ дар Олимпиадаи Рио дар вазни зери 60 кило рақобат мекунад. Анвар мегӯяд, ки "дар вазнҳои 51 ва 56 кило рақибони ман дигар буданд. Ва ҳоло ки дар вазни 60 кило қувваозмоӣ мекунам, рақибонам дигар шудаанд. Ман дар ин вазн мутобиқ шудам, корам барор гирифт ва ба Бразилия барои медал меравам."

Анвар Юнусов дар Олимпиадаи Лондон-2008 ба нокомӣ дучор шуд ва ин дафъа намехоҳад, ки ба иштибоҳ роҳ бидиҳад: "Мо ба Олимпиада ба Лондон барои гузаронидани ҷамъомади таълимиву тамринӣ як моҳ пеш аз Бозиҳо рафта будем. Ман дар он ҷо хеле хаста шудам. Ғизо, ки барои варзишгар муҳим аст, барои ман мувофиқ набуд. Иқлими Лондон низ ба ман нафорид, вазнам коҳиш ёфт, 55 кило шуд. Барои ин ман касеро айбдор намекунам, худам гунаҳгорам. Аз ин хулоса баровардам ва ин дафъа ба чунин иштибоҳҳо роҳ намедиҳам."

Анвар Юнусов дар ду Олимпиадаи пешин бо раҳбарии мураббии маъруфи бокс Мирзо Шамсиев ширкат кардааст. Ӯ як сол пеш ба бошгоҳи “Локомотив” омадааст ва ӯро мураббии варзида Аббос Неъматуллоев ба Бозиҳои олимпӣ омода месозад. Устодаш бовар дорад, ки Анвар дар Бразилия соҳиби медал мешавад.

Ба гуфтаи мураббии Анвар Юнусов, "баъди анҷоми ҳар як қувваозмоии Анвар дар мусобиқоти интихобии олимпӣ дар Боку мураббиёни сатҳи ҷаҳонӣ ба назди муштзани мо омада, дасташро мефишурданд ва мегуфтанд, ки бо чунин маҳорати олӣ ту ҳатман дар Олимпиада медал ба даст меорӣ. Мо ҳам бовар дорем, ки Анвар ҳадди аққал бо медали биринҷӣ сарфароз мегардад, ҳарчанд ин кор хеле мушкил аст."

Дар баробари Анвар Юнусов шаш варзишгари дигар – гурзпарто Дилшод Назаров, гуштигирони ҷудо Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, шиноварон Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов, даванда Кристина Пронженко - Тоҷикистонро дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия намояндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG