Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарвазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ истеъфои 6 узви ҳукуматашро пазируфт. Истеъфои ин вазирон дар пайи чандин моҳи талошҳои Ибодӣ барои бо технократҳои ғайриҳизбӣ иваз кардани кобинаи кунуниаш сурат мегирад. Ибодӣ истеъфои вазирони нафт, нақлиёт, манзилу сохтмон, захираҳои обу саноат ва вазири дохиларо қабул кард. Дар моҳи феврал Ибодӣ хостори бо технократҳо такмил кардани кобина шуд, вале ба мухолифати шадиди ҳизбҳои бонуфузе, ки назорати вазоратҳоро дар даст доштанд, рӯбарӯ гардид. Рӯҳонии пурнуфузи шиъа Муқтадо Садр ба ташкили ҳукумати технократҳо даъват карда, бо талаби ислоҳот чандин тазоҳуроти густурда доир карда буд.

XS
SM
MD
LG