Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агар Гулмуродзода зинда мебуд...


Оре, агар умр вафо мекард, имрӯз, 20 июл шодравон Пайванди Гулмуродзода, аз аввалин муҳаққиқони таърихи журналистикаи тоҷик 60-сола мешуд. Аммо ин олими бузург шаби 7 ба 8 апрели соли 2013 дар синни 56-солагӣ бар асари бемории сактаи қалб вафот кард ва дар оромгоҳи маҳаллаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурда шуд.

Устоди шодравон 20 июли соли 1956 дар деҳаи тоҷикнишини Ӯхми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззахи Узбакистон ба дунё омад, аммо соли 1973 пас аз хатми мактаби тоҷикии рақами 14 ба номи Садриддин Айнӣ, роҳи Тоҷикистонро пеш гирифт ва худи ҳамон сол ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон) дохил шуд. Ба ҳамин тартиб пайраҳаи ин марди бузург дар ҷодаи илму эҷод дар Тоҷикистон шурӯъ шуд. Соли 1978 Донишгоҳро бо ихтисоси филолог – журналист ва бо дипломи аъло хатм намуд ва аз 4 октябри ҳамон сол то 1 январи соли 1980 дар Саридораи ахбори радиои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба сифати муҳаррир кор кард ва аз соли 1980 то охири умр ба ҳайси аспирант, муаллими калон, дотсент, докторант дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуд.

Пайванди Гулмуродзода аз 15 ноябри соли 1986 то 22 августи соли 1989 дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов таҳсил намуда, рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ташаккули публитсистикаи шӯравии тоҷик (1917-1929)» бо ихтисоси журналистика ҳимоя кард. Пас аз бозгашт ба Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аввал чун муаллими калон ва баъдан дар соли 1991 ба ҳайси дотсенти кафедраи "Журналистика ва адабиёти халқҳои шӯравӣ" (ҳоло "Матбуот") кор кард. Аз соли 1992 то соли 1996 дар вазифаи муовини декани факултети журналистикаи донишгоҳ ва солҳои 1996-2001, 2005- 2006 ба ҳайси декани факултети журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ифои вазифа намуд.

“Қимати мард на ба симу зар аст,

Қимати мард ба илму ҳунар аст.

.... Роҳҳо... Одамизод доимо дар ҳаракат аст ва ӯро роҳҳо аз кунҷе ба кунҷе, аз каноре ба каноре мебаранд, бо пастиву баландиҳо, бо гармию сардиҳо ошно месозанд. Аз ҳама муҳим он аст, ки одам ба муроди дилаш расад ва пеш аз ба роҳи орзую умедҳояш баромадан андеша кунад: оё роҳи дурустро пеш гирифт, магар аз мушкилоту ноҳамвориҳои ин роҳи пуразобу машаққати ба ҷамъият фоидаовар намеҳаросад?

Аз ин ҷост, ки роҳи зиндагӣ, роҳи умри инсон дигар аст. Ин роҳро ҳар кас ҳар хел тай мекунад: яке барои давлату ҳашамат, дигаре барои шӯҳрату маишат, сеюмӣ барои заҳмат ва манфиати ҷамъият”.

Ин навиштаи устоди равоншод, муаллими журналистони солҳои 1990-2013, номзади илми филология, муҳаққиқи таърихи матбуоти тоҷик - Пайванди Гулмуродзода ба муносибати 70 - солагии доктори илмҳои филология, профессор Воҳид Мирашӯрович Асрорӣ, бунёдгузори факултаи журналистикаи тоҷики Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст.

Оре, бо гузашти ҳудуди 30 сол, метавон ин навиштаҳоро ба худи Пайванди Гулмуродзода нисбат дод ва гуфт, ин ҳарфҳо дар бораи худаш навишта шудаанд.

Воқеан устод Гулмуродзода, дар тӯли умри кӯтоҳаш барои заҳмат ва манфати ҷамъият кору пайкор намуда ва аз худ осори гаронбаҳо ва гаронмояе ба ёдгор гузоштаааст. Хоса дар илми журналистикаи тоҷик устод Пайванд дар баробари нахустин устодони ин соҳа Абдусаттор Нуралиев, Иброҳим Усмонов ва Саъдулло Асадуллоев қарор мегирад. Ҳатто дар радифи устоди устодони журналистикаи тоҷик Воҳид Мирашӯрович Асрорӣ.

Бузургии Пайванди Гулмуродзода он аст, ки вай аз нахустин муҳаққиқи таърихи матбуоти тоҷик буданд. Дар охири солҳои 80-уми асри гузашта роҳи илмро аз таҳқиқи фаъолияти аввалин маорифпарварону ҷадидон ва равшанфикрони тоҷик ва пайдоиши нахустин нашрияҳои тоҷикӣ, ба хусус “Бухорои шариф”, ки сароғози матбуоти миллии тоҷик аст, шурӯъ карданд. Нусхаҳои асли нашрияҳои ин даврро бо чашми худ диданд ва онро мутолиа кардаанд. Ҳатто банда низ ифтихор дорам, ки бо роҳнамоии устоди бузургам нусхаҳои асли нахустин рӯзномаи тоҷикӣ – “Бухорои шариф” –ро дар Китобхонаи ба номи Алишер Навоии Тошканд мутолиа кардам. Он замон дарк карда будам, ки устод ба фаъолияти маорифпарварон ва рушанфикрони охири асри 19 ва аввали асри 20, аз ҷумла Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Фитрат, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Мирзо Ҷалол Юсуфзода, Сайидризо Ализода, Абдулқодир Муҳиддинов, Мунзим ва дигарон таваҷҷӯҳи хосе дорад.

Ҳатто ба мо донишҷӯёни солҳои 1990 хондани осори ин абармардонро талқин мекарданд. Худи устод ҳаракати маорифпарвариро “оғози бедорӣ ва худшиносӣ“ унвон карда ва навиштаанд “дар ҳамон замони мураккаб ва тақдирсоз ба туфайли баракати илму ҳиммати сафар ва ба чашми ибрат дида дӯхтан ба таҳаввулоти одаму олам як гурӯҳ равшанфикрону маорифпарварони миллат суханро аз боби ислоҳи мактабу маориф ҷустанд, ки дар саргаҳи он алломаи замон Аҳмад Махдуми Дониш қарор дошт ва анъанаи неки ӯро пайравону шогирдонаш идома доданд”.

Маҳз таҳқиқи масъалаҳои маорифпарварӣ дар муддати беш аз 25 соли фаъолият андешаҳои устод Пайванд Гулдмуродзодаро маорифпарварона кард ва ин буд, ки дар зиёда аз 110 мақолаи илмӣ, 220 очерку мақолаҳои публитсистӣ, чандин дастуру воситаҳои таълимӣ ва китобу маҷмӯаҳои таълифкардааш, масъалаҳои мактабу маориф, фарҳангу адаб, арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ мақоми вижа дорад. Меҳвари китобҳои “Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон”(соли 2006), монографияи “Публицистика и время”(2002), “Забон ва худшиносии миллӣ”(2007) –ро ин масоил ташкил медиҳад ва роҳнамои хубе барои хонандаи закӣ дар бораи андешаи маорифпарварӣ ва нияту ормонҳои равшанфикрони давр аст.

“Гулмуродзода муҳаққиқи маорифпарварӣ буд ва ҳамин таъсири маорифпарварӣ ба фаъолияти илмиву публитсистии ӯ хеле сахт таъсир расонида, ин таъсир боиси он шудааст, ки қариб аксарияти навиштаҳои ӯ хусусияти маорифпарварӣ доранд. Хусусияти маорифпарварӣ ба маънии он аст, ки майл ба дониш кардан, майл ба илмомӯзӣ намудан, ислоҳоти мактабро ба вуҷуд овардан, ҳисси мутолиаву ҳисси кунҷковии мардумро бедор кардан як навъ савияи донишу фарҳангу фаҳмиши ҷомеаи иҷтимоиро боло бардоштан аст ва ин чизҳо ҳам дар нигоштаҳои илмӣ ва ҳам нигоштаҳои Гулмуродзода мавқеъ ва манзалати хеле нишонрас доранд”.

Лавҳаву очеркҳои эҷодкардаи устод Пайванд “бузургонро зинда доштан” ва кору пайкори онҳоро барои ҷомеа талқин кардан аст. Зеро қаҳрамонҳои ӯ масъулиятшиносанд ва ана ҳамин хислату рафтори инсонӣ онҳоро дар зиндагӣ муваффақ гардонидааст.

Аммо дар баробари муаррифгари намояндагони ҳаракати маорифпарварӣ ва талошҳои рушанфикрони охири асри 19 ва аввали асри 20, бузургтарин хидмати устоди равоншод – Пайванди Гулмуродзода он аст, ки эшон аз бунёдгузорони Рӯзи матбуоти тоҷик дар даврони истиқлоли Тоҷикистонанд, «ҳосили азму талошҳои беинтиҳои Пайванд Гулмуродзода ва ҳамсафони ӯ буд, ки 11 март, рӯзи чопи шумораи нахустин рӯзномаи «Бухорои шариф», Рӯзи матбуоти тоҷик эълон шавад”.

Худи устод дар матлаби “Маснади тараққихоҳон ё чӣ тавр 11 МАРТ – РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ЭЪЛОН ШУД?” низ ба ин ишора мекунад, “...Дар анҷумани охирини давраи шӯравии иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон масъалаи 11 март-оғози нашри шумораи аввалини рӯзномаи “Бухорои шариф” дар якшанбеи 11 марти соли 1912 милодӣ (4 рабеъулохири 1330 ҳиҷрӣ) –ро чун иди ҳирфавии кормандони матбуоти тоҷик ба миён гузоштам, ки ширкаткунандагони анҷуман гарм истиқбол карданд.То ин замон 5 май-рӯзи нашри шумораи аввали рӯзномаи “Правда”-нашрияи ҳизби коммунист дар соли 1912 чун иди ягонаи кормандони расонаҳои хабарии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирфта , таърихи тамоми рӯзномаву маҷаллаҳо дар қаламрави шӯравӣ ба нашри ҳамин рӯзнома марбут дониста мешуд....

Ин андешаро вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа вазири вақт Б. А. Маҳмадов ва муовини собиқи вазир, ҳоло вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон Олимҷон Салимзода ҷонибдорӣ карданд. Вале қарори Шӯрои олии мамлакат ба ду сабаб дер мекашид: яке идома доштани ҷанги шаҳрвандӣ ва дигаре ба миён омадани масъалаи ҳамчун иди ҳирфавии кормандони расонаҳои хабарии мамлакат ҷашн гирифтани рӯзи нашри рӯзномаи нахустин дар маркази нави мамлакати тоҷикон-Душанбе, ки 18 марти соли 1925 таҳти унвони “Иди тоҷик” ба табъ расида, аз шумораи дуюм “Бедории тоҷик” ва солҳои минбаъд “Тоҷикистони сурх”. “Тоҷикистони советӣ” “Тоҷикистони шуравӣ”(ҳоло Ҷумҳурият”) унвон гирифт. Пас аз баҳсҳои тӯлонӣ қарори Шӯрои олии Тоҷикистон дар бораи чун Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифтани 11 март ба тасвиб расид, ки ҳар сол чун иди ҳирфавии рӯзноманигорони расонаҳои хабарии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад”.

Устоди шодравон Пайванди Гулмуродзода бо чопи мақолаҳои таҳлиливу публитсистӣ аз чеҳраҳои фаъол дар матбуоти тоҷик буд. Ҳамкории қавии вай бо матбуоти даврӣ далолати ин гуфтаҳост. Устод соҳибнашрия низ буданд. Зеро соли 1997 нашрияи «Қалам» ва баҳори ҳамон сол ба мақсади «сарсабзии бӯстони шукуфони фарҳанги тоҷик, роҳнамоии мардуми илмдӯсту фарҳангпараст» фаслномаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии «Гули мурод»-ро таъсис дод.

Албатта устоди шодравон ду давра (солҳои 1996 – 2001 ва 2005 – 2006) сарварии факултаи журналистика ва тарҷумониро бар ӯҳда гирифтанд, ки дар тарбияи кадрҳои журналистӣ саҳми бузурге гузоштанд. Шогирдони эшон низ аз Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, раҳбараш Хуршеди Атовуллоҳ, ба хотири зинда гардонидани номи неки устоди худ ҷоизаи ба номи Пайванди Гулмуродзодаро таъсис доданд. Ин ҷоиза ҳар сол барои беҳтарин матолиб дар жанри таҳқиқоти журналистӣ тақдим карда мешавад.

Оре, устод ба сухану суханвар арҷ мегузоштанд ва паёми шодбошии вай ба муносибати ҷашни Рӯзи матбуот низ аз ин дарак медиҳад. Ин паём аз ҷумлаи се паёмест, ки дар саҳифаи интернетии устод дар шабакаи ҷаҳонии Фейсбук ҳанӯз ҳам ҳифз аст:

“Баъди ғазаби бонувон, ки бо тундбоду барфу борон паси сар шуд, имрӯз абрҳо дар таллу теппаҳо сайру гашт доранд ва офтоб ҳам лабханд дорад. Механдад, ки иди аҳли қалам фаро расида. Бояд ҳамагон шодмонӣ кунанд, ки Худованд суханро аз арши аъло барои мо, бандагонаш фиристода ва умед дошта, ки ба қадри ин неъмати бузурги Худованд мерасем, қадр мекунем ва бо ақлу фитрати Худодод боз боло мебарем. Бо ин мақсад ба халифаҳои руйи заминиаш имкон дод, ки роҳи донишро бо ҳар гуна забон гирд кардаву гиромй доштаву ба руйи санг ҳам ангоштанд. Ва имрӯз ҷаҳонро ба як деҳкадаи бузург табдил додаанд, ки бо истифода аз Интернет дар як лаҳза имкони пахши иттилоотро ёфтаанд. Иди ҳирфавй муборак дӯстони гиромй ва ҳамеша қаламатон буррову суханатон шево бошад ва тамоми орзуи накуатон амалӣ гарданд. Худо нигаҳбонатон! 11 марти соли 2013”.

Ҷойгоҳи устод Пайванди Гулмуродзода дар илму маориф ва фарҳангу матбуоти миллии тоҷик бузург аст. Вай фидоии роҳи илму маърифат ва фарҳангу матбуот ва маънавияти тоҷик буданд. Бо тоҷик буданаш ифтихор дошт ва ҳарфи аввалу охираш барои ободии тоҷику тоҷикистонӣ буд. Умедворам, кору пайкор ва фаъолияти пурсамари публитситӣ ва журналистии устод мавриди таҳлилу таҳқиқ ва пажуҳиши донишҷӯёну муаҳаққиқон қарор мегирад ва барои ояндагон роҳи тайкардаи илмиву эҷодии эшон намунаи ибрат хоҳад гашт.

Ба ҷойи хулоса ё пешниҳод. Олим Салимзода, раиси Кумитаи умури байналмилалии Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон дар ҳамоиши ёдбуд ба муносибати 60 – солагии устоди шодравон – Пайванди Гулумуродзода дар таърихи 2 июн дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аз марҳум – Пайванди Гулмуродзода як равшанфикр ва озодандеш ном бурда, аз устодони ин соҳа хост, то бо муроҷиатномае ба мақомот, ягон муассиса ё кӯчае бо номи пурифтихори вай гузошта шавад. Воқеан ин пешниҳод қобили дастгирист. Зеро кору пайкор ва талоши ин марди равшанзамин ба ёд монданист, то наслҳои баъдӣ на танҳо аз эшон гиромӣ бидоранд, балки роҳи ӯро давом бидиҳанд. Роҳи илм, ки абадист ва ҷавҳари зиндагист.

XS
SM
MD
LG