Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси собиқи бонки "Миллат" боздошт шуд


Алӣ Растагор Сурхаӣ
Алӣ Растагор Сурхаӣ

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон мудири собиқи яке аз бонкҳои бузурги ин кишвар ва муовини ӯро бо иттиҳоми фасод дастгир кардааст. Дар ин бора Форс ва Тасним – ду хабаргузории эронии наздик ба Сипоҳ хабар доданд. Бино ба ин манобеъ, Сипоҳи посдорон Алӣ Растагор Сурхаӣ, мудири собиқи бонки “Миллат” ва муовини ӯ дар умури байналмилалиро бо дархости қувваи қазоияи Эрон боздошт кардааст. Растагор Сурхаӣ, бино ба хабарҳо, моҳи гузашта дар пайи рӯ задани моҷарои маошҳову имтиёзҳои бузурги раҳбарони бонкҳо аз мақомаш истеъфо дода буд. Хабаргузории Форс гуфт, Растагор узви “ҳалқаи фасод”-и муташаккилонаи ошкоршуда дар низоми бонкии Эрон буд. Моҷарои маоши мудирони бонкҳоро бархе ҳамчун талоши зарба ба раисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ ва пеши по заданри имкони пирӯзии ӯ дар интихоботи соли ояндаи президентӣ мешуморанд. Рӯҳонӣ, ки бо ваъдаи поён додан ба фасод ва беҳбуди вазъи иқтисоди Эрон ба қудрат расид, ҷиҳати таҳқиқи қазияи “маошҳои ғайриурфӣ” дастур додааст.

XS
SM
MD
LG