Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати Павел Шеремет дар як таркиш


Павел Шеремет
Павел Шеремет

Журналисти маъруфи беларус Павел Шеремет субҳи 20 июл бар асари таркиши мошинаш дар шаҳри Киев, пойтахти Украина кушта шуд. Муфаттишон ҳоло машғули таҳқиқи маҳалли ҳодисаанд. Шеремети 44-сола соати тақрибан 7:45 ба сӯи дафтараш дар сомонаи хабарии “Украинская правда” мерафт, ки мошини седани сурхаш, ки ба шарики ӯ ва молики “Украинская правда” Олена Притила тааллуқ дошт, таркид. Павел Шеремет, ки аслан аз Мински Беларус аст, 5 сол охир дар Киев ба сар мебурд ва дар “Украинская правда” ва ҳамчун муҷрӣ дар радиои “Вести” кор мекард. Шеремет дар гузашта дар матбуоти Русияву Беларус ҳам кор карда, журналисти шинохта буд. Мустафо Наим, вакили парлумони Украина ва хабарнигори собиқи “Украинская правда”, ки аз маҳалли таркиш бо Озодӣ сӯҳбат мекард, куштори Шереметро “хеле даҳшатовар” номид. Шеремет, ки барои ҳуқуқи инсон, озодии баён ва матбуот мубориза мебурд, дар соли 1997 дар Беларус боздошт шуда буд, вале бисёриҳо боздошти ӯро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ хонда буданд. Ӯ бахусус аз саркӯби эътирозҳо аз сӯи раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка башиддат интиқод мекард. Шеремет барои гузоришҳояш дар соли 1999 ҷоизаи Кумитаи ҳимоят аз журналистон ва дар соли 2002 ҷоизаи демократияи САҲА-ро ба даст оварда буд.

XS
SM
MD
LG