Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъули бахши ҳуқуқи башар дар Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Туркия хост, ки дар пайгирии талоши табаддулоти давлатӣ берун аз қонун пой нагузоранд. Дар ҳамин ҳол баъзеҳо кудаторо "саҳнасозӣ" аз сӯи ҳукумати Туркия мепиндоранд.

Зайд Раъад ал-Ҳусейн, комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар, дар як изҳорот рӯзи 19 июл аз мақомоти Туркия хост, ки дар пайгирии талоши табаддулоти давлатӣ берун дар чаҳорчӯби қонун амал кунад. Ӯ аз он ҳам изҳори нигаронӣ кард, ки шояд Туркия дубора ҳукми эъдомро дар кишвар ҷорӣ намояд.

Ба гуфтаи масъули ҳуқуқи башар дар СММ, нозирони мустақил бояд ҳаққи вуруд ба зиндону боздоштгоҳҳоро дошта бошанд ва бо шароити нигаҳдории афроди бо иттиҳоми ширкат дар кудатои низомӣ боздоштшудаву дастрасии онҳо ба мулоқот бо вакилони мудофеъ ва аҳли хонаводаҳояшон ошно шаванд.

Зайд Раъад ал-Ҳусейн

Зайд Раъад ал-Ҳусейн

Ҳуқуқи инсон набояд ба хотири амният поймол шавад ва афроди бегуноҳ ҳам пушти панҷара раванд, гуфтааст Зайд Раъад ал-Ҳусейн. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, дубора ҷорӣ кардани ҳукми эъдом дар Туркия – нақзи ӯҳдадориҳои байнулмилалии Анкара дар робита ба ҳуқуқи башар ва гоми нодуруст хоҳад буд.

Мавзӯи эҳёи ҳукми эъдом дар маҳофили Туркия баҳс мешавад ва ахиран раҳбари Ҳаракати миллатгароҳои Туркия Давлат Бахчӣ ҳам эълом дошт, агар Ҳизби адолат ва тараққиёт ин мавзӯъро бипазирад, миллатгароҳо аз он пуштибонӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳукми эъдом ҳангоми ҷанг, табаддулоти давлатӣ ва таҳдиди террористӣ барқарор шавад.

Изҳороти масъули ҳуқуқи башари СММ Зайд Раъад ал-Ҳусейн баъди он нашр шуд, ки нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим ваъда дод, Анкара дар тафтиши кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар чаҳорчӯби қонун амал хоҳад кард. Ӯ таъкид намуд, дар кишваре, ки қонун волоят дорад, набояд аз интиқом кор гирифта шавад.

Анқара аз Амрико хостори истирдоди Фтҳуллоҳ Гулен шудааст

Анқара аз Амрико хостори истирдоди Фтҳуллоҳ Гулен шудааст

Анкара ҳамчунин асноди зарурӣ барои истирдоди рӯҳонии муқими Амрико Фатҳуллоҳ Гуленро ба ИМА фиристодааст, ки ӯро мақомоти Туркия аз раҳбарони аслии кӯшиши табаддулоти давлатии шаби 15 июл мехонанд. Биналӣ Йилдирим рӯзи 19 июл дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки дар ҷараёни табаддулоти давлатӣ ошӯбгарон 208 корманди пулис, сарбоз ва сокини осоиштаро куштаанд. Тақрибан 1,5 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудааст. Бино бар иттилои охир, дар маҷмӯъ дар ин ҳаводис 290 нафар ҷон бохтаанд.

Дар ҳамин ҳол баъзе аз коршиносону сиёсатмадорон ҳадс мезананд, ки табаддуллоти давлатӣ – шояд як саҳнасозӣ аз сӯи раисиҷумҳури Туркия Эрдуғон ба хотири саркӯбии мухолифонаш буд ва рӯйхати афроде, ки бояд муҷозот шаванд, пешакӣ таҳия шудааст. Ба ин нукта, аз ҷумла, Фатҳуллоҳ Гулен ҳам ишора карда буд.

Аммо Қадир Гулкориён, коршиноси масоили сиёсии муқими Қибрис, мегӯяд, ки фарзияҳо дар бораи саҳнасозӣ будани кудато появу бунёд надоранд.Агар ҳадди аққал як дар сад эҳтимол вуҷуд медошт, ки ин тарҳ дучори шикаст мешавад ё мардум даъвати раисиҷумҳур Раҷаб Тайид Эрдуғонро барои пуштибонӣ аз ҳукумат намепазируфтанд ё ҳизбҳои мухолиф аз ҷонибдоронашон даъват мекарданд, ки на аз Эрдуғон, балки аз кудато ҳимоят кунанд, сарвари давлат аз ин ҳатман садамаи шадид медид ва “бозӣ”-яш алайҳи худаш тоб мехурд, мутмаин аст мусоҳиби мо.

Вале, аз нигоҳи ӯ, боздоштҳо дар ниҳодҳои низомӣ ва сохторҳои давлатӣ метавонад тарҳрезишуда бошад ва аҷаб нест, ки ҳукумат онҳоро таҳти назорат дошт ва кудато фурсати муносибе шуд, ки ҳукумат бо ҳимояти мардум ин афродро муҷозот кунад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабарҳо, нахуствазири Туркия то содир шудани дастури вижа рухсатии меҳнатии се миллион корманди давлатиро бекор кард. Дар як сӯҳбат бо рӯзноманигорон Биналӣ Йилдирим гуфт, кибештар аз 7,5 ҳазор корманди пулис, низомӣ, додрас, додситон ва шаҳрвандони қаторӣ бо иттиҳоми даст доштан дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ боздошт шудаанд. Тақрибан 10 ҳазор аз хизматчиёни давлатӣ аз курсиҳояшон маҳрум монданд, навиштааст. рӯзномаи "Ҳуррият".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG