Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Воридоти мошин ба Тоҷикистон 80 фоиз кам шудааст


Мошинбозори Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Мошинбозори Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, дар нимаи аввали соли 2016 ба ин кишвар ҳамагӣ чизе бештар аз 1300 мошини сабукрав ворид шудааст, ки назар ба як соли пеш 80 дарсад камтар аст. Назаралӣ Ғаниев, раҳбари идораи таҳлил ва омори гумрукӣ рӯзи 19 июл ба хабарнигорон гуфт, дар 6 моҳи аввали соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 6600 мошин ворид шуда буд.

Агар дар нимаи аввали соли 2015 буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти мошинҳо 47,3 миллион доллар ба даст оварда бошад, имсол ин 15 миллион доллар, яъне се маротиба камтар аз як соли пешро ташкил додааст. Феълан дар роҳҳои Тоҷикистон, ба ҳисоби мақомоти гумрук, тақрибан 800 ҳазор мошин ҳаракат мекунанд.

Хадамоти гумрук мегӯяд, дар маҷмӯъ нақшаи нимсолааш 86 дарсад иҷро шуда, ба буҷа аз ҳисоби боҷу хироҷ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ дар моҳҳои январ-июн ҳудуди 1,7 миллиард сомонӣ ворид шудааст. Ин назар ба нақшаи нимсола 268 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 35 миллион доллар камтар аст. Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумрук дар нишасти хабариаш ин коҳишро ба кам шудани ҳаҷм ва нархи маҳсулоти воридшаванда ва дигар омилҳои марбут ба бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ рабт дод.

XS
SM
MD
LG