Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонсон назарашро ба тақдири Башор Асад тағйир дод


Борис Ҷонсон
Борис Ҷонсон

Вазири умури хориҷии Бритониё Борис Ҷонсон аз Русия даъват кард, ки ба раисиҷумҳури Сурия Башор Асад барои истеъфо аз мақомаш фишор оварад. Раиси нави идораи сиёсати берунаи Бритониё бори аввал рӯзи 19 июл дар Лондон бо ҳамтоҳояш аз Олмон, Фаронса, Италия, ИМА ва бо масъули сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо мулоқот хоҳад кард.

“Ман андешаи худро равшан баён мекунам – то замоне, ки Асад сари қудрат аст, азияти мардуми Сурия поён нахоҳад ёфт. Аз ин рӯ ҷомеъаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Русия, бояд дар ин қазия муттаҳид бошанд", изҳор намуд Борис Ҷонсон дар арафаи ин мулоқот.

Изҳорот мутобиқ ба мавзеъгирии давлати Бритониё дар мавриди сарнавишти Башор Асад ва аммо мухолифи гуфтаҳои пешини худи Борис Ҷонсон аст. Ҷонсон соли гузашта, замони мири шаҳри Лондон буданаш, аз ҳукумати Бритониё даъват карда буд, ки афкори замони “ҷанги сард”-ро канор гузорад ва бо Башор Асад ҳамкорӣ кунад, зеро раисиҷумҳури Сурия назар ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” алтернативаи беҳтар аст.

Русия ва Эрон, ҳампаймонҳои асосии Башор Асад пойфишорӣ доранд, раҳбари феълии Сурия фақат дар сурати интихоботе, ки ба таъсиси ҳукумати нав имкон медиҳад, метавонад аз мақомаш истеъфо диҳад.

XS
SM
MD
LG