Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Арманистон бо мухолифоне, ки чаҳор пулисро гаравгон гирифтаанд, гуфтугӯро идома медиҳад. Дар майдони Озодии Ереван фаъолони ҷамъиятӣ гирд омада, талаб доранд, ки зидди мухолифон аз силоҳ истифода нашавад.

Гуруҳи фаъолони мухолифи "Порлумони созмондиҳанда" чаҳор корманди пулисро гаравгон гирифта, талаб доранд, ки роҳбарашон Жирайр Сефилиян аз зиндон раҳо шавад. Вай бо айби нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ боздош шудааст. Аммо ҷонибдоронаш мегӯянд, вай маҳбуси сиёсӣ аст.

Тавре бахши армании Радиои Озодӣ хабар медиҳад, эътирозгарон ба ҷуз талаби аввал, ҳамчунин тақозо доранд, ки ҳамаи мухолифони дар ду рӯзи охир боздоштшуда озод гарданд ва нисбати кормандони пулисе, ки рӯзи душанбе аз зӯр кор гирифтаанд, таҳқиқи хизматӣ анҷом дода шавад.

Муовини сардори пулиси Арманистон Унан Погосян ба эътирозгарон ваъда дод, ки боздоштшудаҳо раҳо мегарданд ва таҳқиқи хизматӣ низ анҷом хоҳад шуд. Вай гуфт, гуфтугӯ бо мухолифон идома хоҳад кард.

Ҳангоми ҳамлаи мусаллаҳона дар бинои пулиси Ереван 17 июл як корманди пулис кушта ва чаҳор тани дигар маҷруҳ шуд.

XS
SM
MD
LG