Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Сурия, Фаластин ва Туркманистон


Лаҳзае аз бозии тимҳои Тоҷикистону Сурия. Моҳи марти 2015 дар Душанбе
Лаҳзае аз бозии тимҳои Тоҷикистону Сурия. Моҳи марти 2015 дар Душанбе

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо тимҳои миллии Сурия (27 август), Фаластин (6 сентябр ва 3 октябр) ва Туркманистон (9 ноябр) ба номгӯйи бозиҳои расмии Федератсиони байналмилалии футбол (ФИФА) ворид шудаанд.

Бозии наздиктарини расмии мунтахаби Тоҷикистон муқобили тими Сурия баргузор мешавад. Ин бозии дӯстона 27 август дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», ки ғунҷоишаш 25 ҳазор тамошбин мебошад, барпо мегардад.

Баъдан 6 сентябр мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Ҳаким Фузайлов бо тими миллии Фаластин рақобат мекунад. Ин бозии дӯстона дар варзишгоҳи «Дура»-и шаҳри Ҳеврон, ки дар он моҳи феврали соли равон дастаи “Хуҷанд” бозии плей-оффи Ҷоми АFС-2016-ро гузаронд, барпо мегардад.

3 октябр бозии ҷавобии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Фаластин дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Боз як бозии расмии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон 9 ноябр дар Душанбе бо тими миллии Туркманистон барпо мегардад.

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон:

27 август (шанбе)

Тоҷикистон – Сурия

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

6 сентябр (сешанбе)

Фаластин – Тоҷикистон

Ҳеврон, варзишгоҳи «Дура»

3 октябр (душанбе)

Тоҷикистон – Фаластин

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

9 ноябр (чоршанбе)

Тоҷикистон – Туркманистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG