Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ереван дар натиҷаи музокирот 3 гаравгон раҳо шуданд


Дар Ереван афроди мусаллаҳи ҷонибдори гурӯҳи мухолифон аз 7 нафар гаравгонон 3 нафари дигарро раҳо кардаанд. 17 июл як гурӯҳи мусаллаҳ ба шӯъбаи пулиси ноҳияи Эребунӣ ҳамла бурд ва ин шуъбаи пулисро ба тасарруфи худ даровард.

Шумораи ҳамлакунандагон 10 нафар тахмин зада мешавад ва онҳо шоми 17 июл ба бинои пулис ҳамла бурда, як корманди пулисро кушта, 6 нафари дигарро захмӣ кардаанд.

Афроди мусаллаҳ раҳоии Жирайр Сефилян-раҳбари ҷунбиши “Порламони муассисон”-ро талаб кардаанд. Вайро моҳи гузашта барои талоши инқилоби мусаллаҳона боздошт карданд. Ин ҷунбиш ҳамчунин истеъфои Серж Саргисян-раиси ҷумҳурро тақозо мекунад.

Генерал Унан Погосян-муовини аввали раиси пулиси Арманистон ба хабарнигорон гуфт, ки то ҳол 5 нафари дигар дар гаравгонии нируҳои мусаллаҳи мухолифон дар бинои пулис қарор доранд. Ду нафари онҳо афсарони баландрутбаи пулис, яъне генерал Вардан Егиазарян-муовини раиси пулиси Арманистон ва сарҳанг Валерий Осипян-муовини раиси пулиси Ереванро дар гаравгонӣ нигоҳ медоранд.

Аз ду нафаре, ки 18 июл раҳо шуданд, якеаш афсари пулис ва дуввумӣ ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ мебошанд. Онҳо дар натиҷаи музокироти нируҳои амниятӣ раҳо шудаанд.

XS
SM
MD
LG