Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиёни таркиши Бохтар 135 000 сомонӣ ҳисоб шудааст


Мақомоти вилояти Хатлон зиёни таркиш дар як нуқтаи бензинфурӯшӣ дар ҳудуди ноҳияи Бохтарро 135 ҳазор сомонӣ (17 ҳазор доллар) ҳисоб кардаанд. Мулоҳит Рӯзиев, сардори идораи оташнишонии вилояти Хатлон, рӯзи 18 июл гуфт, ки зиёни расида ба сокинони атрофи ин нуқтаи бензинфурӯшӣ низ шомили ҳамин ҳисобу китоб аст. Ӯ гуфт, хулосаи ниҳоии онҳо ба ҳукумати ноҳияи Бохтар фиристода шудааст ва бар асоси ин хулоса онҳо Далер Мадбобоев – ронандаи “Дулан” ва Алихон Малахов, корманди нуқтаи бензинфурӯширо дар ин таркиш айбдор медонанд. "Алихон Малахов, сокини ноҳияи Сарбанд, дар пайи ин таркиш ба ҳалокат расидааст ва додситонӣ тасмим хоҳад гирифт, ки бо Далер Мадбобоев чӣ хоҳад кард," – гуфт ӯ. Ба қавли Мулоҳит Рӯзиев, "вақти холӣ кардани гази моеъ лӯлаи газ аз дасти ронанда афтода, бо шиддати баланд ба ҳар тараф ҳаракат кардааст. Онҳо натавонистаанд ин лӯларо бардоранд ва дар натиҷа сӯхтор сар зада, сипас таркиш ба миён омадааст." Таркиши маргбор дар наздикии бозори "Ҳоҷӣ Шариф" дар ҳудуди ноҳияи Бохтар баъди зӯҳри 9 июл рух дод, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расида, 21 нафари дигар осеб диданд. Қаблан мақомот ин таркишро натиҷаи беэҳтиётӣ дониста буданд.

XS
SM
MD
LG