Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми 10 мақоми қудратӣ барои ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим (ВИДЕО)


Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нишасти хабарии 18 июл

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нишасти хабарии 18 июл

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ки дар робита ба ошӯби моҳи сентбяри соли гузашта дар Душанбеву Ваҳдат даҳ мақоми қудратӣ, аз ҷумла як мақоми баландпоя ба зиндон маҳкум шудаанд. Аммо ному насаби онҳо ва ҷои корашонро ошкор накард.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии 18 июл дар Душанбе аз анҷомёбии муҳокимаи парвандаи ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) то фасодзадагии бархе аз кормандони додгоҳ суҳбат кард. Вай гуфт, Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи гумонбарони ширкат дар ин ошӯби мусаллаҳона дар моҳи сентябри соли гузаштаро тақрибан ба анҷом расондааст ва дар доираи ин парванда алакай 10 мақомдори ниҳодҳои қудратӣ низ ба зиндон маҳкум шудаанд.

Шоҳиён бо таъкиди "махфӣ" будани парвандаи ошӯби генерал Назарзода, танҳо гуфт, дар ин ошӯби моҳи сентябр 10 мақомдор даст доштанд ва ҳамаашон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. "Ман муфассал дар ин робита намегӯям, вале онҳо бевосита дар ҳодисаи моҳи сентябри соли гузашта даст доштанд ва як нафари онҳо дар мақоми баланди ниҳодҳои қудратӣ буд ва дигарон дар сатҳи поёнӣ қарор доштанд," - афзуд раиси Додгоҳи олӣ.

Вай, инчунин, ному насаби ин афродро ошкор накард, вале гуфт, ки ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ "ҳосили" бетаваҷҷуҳии мақомот буд. Ҳамингуна раиси Додгоҳи олӣ "бо далели махфӣ будани парванда" нахост дар робита бо ҳукми 14 узви аршади ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ изҳори назар кунад.

Ин дар ҳолест, ки парвандаи ошӯби мусаллаҳона, иттиҳоми зидди даҳҳо афроди боздошт ва маҳкумшуда, ба андешаи аҳли матбуот ва ҳам бархе таҳлилгарон аз масоилест, ки барои ҷомеа норӯшан мондааст. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик 8 июл дар як сӯҳабташ бо Озодӣ гуфт, иттиҳом алайҳи ин афрод пас аз ҳодисаҳои сентябри соли 2015 ҷиддӣ буд, аммо дар ин миён ба ҷуз ҳарфҳои умумӣ, ҳеҷ санаду далели собит ба мардум пешкаш нашуд. Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ пӯшида гузаштани мурофиаҳои додгоҳӣ, шакку гумонҳоро дар мавриди ин ҳодисаро бештар кард.

Субҳи 4 сентябри соли 2015 ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ва посгоҳи кормандони пулис дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ҳамла сурат гирифт. Мақомот ин ҳамларо кори дасти Абдуҳалим Назарзода донистанд, ки то он рӯз муовини вазири дифои Тоҷикистон буд. Амалиёт алайҳи ин гурӯҳ дар дараи Ромит 12 рӯз давом кард, ки дар пайи он 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва наздик ба 30 тан аз аъзоёни ин гурӯҳ кушта шуд.

Дар пайи ин ҳодиса наздик ба 200 нафар боздошт шуд ва ҳоло ҳукми аксари онҳо дар додгоҳҳои Тоҷикистон содир шудааст. Мурофиаҳои додгоҳии ин афрод пушти дарҳои пӯшида баргузор шуда ва ҳатто расонаҳои давлатӣ аз содир шудани ҳукми онҳо хабаре пахш накардаанд.

Айни замон Шермуҳаммади Шоҳиён дар иртибот ба фаъолияти додгоҳҳо дар Тоҷикистон бо назари интиқодӣ сӯҳбат кард ва гуфт, дар 6 моҳи соли равон 9 додрас ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд ва шикоят аз болои кормандони додгоҳ бештар шудааст. Вай афзуд, бо вуҷуди он ки корманди додгоҳ, яъне додрас ҳаққи ба иштибоҳ роҳ додан надорад, бархе кормандони додгоҳҳо ба коррупсия даст мезананд. Вай гуфт, дар соли равони як додрас бо ҷурми ришваситонӣ ба 7 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон шуд ва як нафари дигар бо ҳукми додгоҳ дар ивази пардохти ҷарима озод шуд ва парвандаи як додраси дигар дар ҳоли баррасист.

Ба гуфтаи Шоҳиён, тайи нимсолаи аввал 207 шикояти шаҳрвандон аз болои додрасҳо ба қайд гирифта шудааст: "Дар пайи баррасиҳо фаъолияти 40 додрас мавриди муҳокима қарор гирифта, 9 нафар барои амали пастзанандаи шаъну эътибори судяҳо ҷазои интизомӣ гирифтанд."

Додгоҳи олии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар соли равон 6295 нафар аз тарафи додгоҳҳо маҳкум ба зиндон шудаанд, ки 45 нафари онҳо ноболиғ ва 90 тани дигар зан мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG