Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машварати кории Раҳмон бо раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар машварати корӣ баргузор кардааст. Ин машварат рӯзи 18 июл дар Душанбе сурат гирифта, ба қавли масъулони дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, дар он “масоили таъмини амнияти давлату миллат, волоияти қонун, таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд.”

Манбаъ мегӯяд, дар ин машварати корӣ дар ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон дабири Шӯрои амният, раиси Додгоҳи олӣ, додситони кулл, вазирони дифоъ ва корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, роҳбарони Оҷонсиҳои зиддифасод, зидди маводи мухаддир, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Хадамоти гумрук иштирок доштанд.

“Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот барои таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар корҳои судманд супоришҳои қатъӣ дода, таъкид дошт, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ҳисси баланди ватандорӣ амнияти давлату миллатро таъмин созанд,” - таъкид шудааст дар хабари расмии сомонаи президенти Тоҷикистон.

Дар ин машварат инчунин дастур дода шудааст, ки барои омодабошии ҳамаҷонибаи ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, мустаҳкам кардани сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, таъмини моддию техникии отрядҳои сарҳадӣ ва қисмҳои низомӣ бо маводи ниёзи аввал, сару либос ва дигар муҳимоти ҷангӣ, тайёрии сохторҳои ҳарбӣ ба мавсими зимистон, инчунин дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани маъракаи муҳими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва тарбияи ҳисси ватандӯстии онҳо тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

XS
SM
MD
LG