Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керрӣ даст доштани ИМА-ро дар табаддулоти Туркия номумкин хонд


Ҷон Керрӣ, котиби давлатии ИМА дар суҳбат бо ҳамтои туркаш Мавлуд Човушоғлу ҳушдор дод, ки изҳорот дар бораи даст доштани Вашингтон дар табаддулоти нофарҷоми Туркия метавонад ба муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвар халал ворид намояд.

Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба Ҷон Кирбӣ, намояндаи расмии Департаменти давлатӣ рӯзи якшанбе иттилоъ додааст.

"Ҷон Керрӣ ошкоро фаҳмонд, ки ИМА омодааст, ба мақомоти Туркия барои тафтиши ин ҳодиса кумак кунад. Аммо буҳтонҳои оммавӣ ё тасдиқи кадом як нақши Иёлоти Муттаҳида дар табаддулоти нокоми ин кишвар асос надораду ба муносибатҳои дуҷонибаи мо латма ворид мекунад", - гуфтааст Кирбӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, Ҷон Керрӣ бори дигар ҳимояти Вашингтонро аз ҳукумати бо роҳи демократӣ интихобшудаи Туркия баён карда, аз Анқара даъват кардааст, ки таҳаммулпазир бошаду ҳангоми тафтиши ҳолатҳои кӯшиши табаддулот ба қонун эҳтиром бигзорад.

Президент Раҷаб Тайиб Урдуғон 16 июл аз ҳамтои амрикоияш Барак Обама даъват кард, Фатҳуллоҳ Гулен, руҳонии туркро, ки Анақара вайро дар кӯшиши табаддулоти низомӣ айбдор мекунад, ба Туркия бидиҳад. "Агар шарики стратегием, пас дархости моро иҷро кунед. Мо низ террористҳои дархостнамудаи шуморо таслим карда будем", - гуфтааст президенти Туркия.

Қаблан Ҷон Керрӣ гуфта буд, ки Вашингтон омадааст, далелҳои даст доштани Гулен дар табаддулотро баррасӣ намояд.

XS
SM
MD
LG