Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи сарбози рус барои қатли Шоира дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Акси Шоира Ҷобирова

Акси Шоира Ҷобирова

Мурофиаи додгоҳии Иван Шербаков, сарбози пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки дар қатли Шоира Ҷобирова – сокини 22-солаи Душанбе – муттаҳам аст, 19 июл паси дарҳои баста баргузор хоҳад шуд. Як манбаи наздик ба тафтишот ба Озодӣ гуфт, дар парвандаи Шербаков "иттилои дорои хусусияти маҳрамонаи марбут ба айбдоршаванда ва қурбонӣ" вуҷуд дорад ва барои ҳамин мурофиа пушти дарҳои баста мегузарад.

Ӯ гуфт, ин тасмим "ба хотири ҳифзи шаъну эътибори шахсии ҳам айбдоршаванда ва ҳам ҷабрдида" гирифта шудааст ва аз ин бештар ҷузъиёт надод.

Иван Шербаков бар асоси қисми дуи моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне "даст доштани ду нафар ва ё бештар аз он дар куштор" муттаҳам мешавад, ки аз 8 то 20 соли зиндонро дар назар дорад. Қаблан ин сарбози рус бар асоси қисми яки ҳамин - "куштори барқасдона" муттаҳам мешуд.

Парвандаи ин сарбози русро Додгоҳи низомии округи Урал дар қаламрави пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон баррасӣ мекунад. Тафтиши парвандаи Иван Шербаков моҳи апрели соли ҷорӣ ниҳоӣ шуда буд.

ВИДЕО АЗ БОЙГОНӢ:

Иван Шербаков, афсари пойгоҳи 201-умии Русия дар Тоҷикистон баъд аз ташхиси пурраи вазъи рӯҳиаш аз Екатеринбург дар охирҳои моҳи март ба Душанбе оварда шуд ва дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ташхиси вазъи равонии Шербаков тақрибан панҷ моҳ идома кард ва беморхонаи рӯҳии Екатеринбург вазъи ӯро мусбат баҳо дода, зикр кардааст, ки Шербаков мушкили равонӣ надорад.

Ташхиси вазъи рӯҳии Иван Шербаков дар ҳоле ба миён омада буд, ки эҳтимоли равобити ҷинсии ӯ бо Шоира Ҷобирова ва, ҳамин тавр, хабари баъзе аз расонаҳо дар бораи гӯё рашки ӯ нисбат ба ин зани 22-солаи тоҷик таъйид нашудаанд. Шербаков ба гумони қатли Шоира Ҷобирова рӯзи 9 ноябри соли гузашта дастгир шуд.

Наздикони Шоира Ҷобирова ҷасади ӯро субҳи 11 ноябри соли 2015 аз бинои бемористони низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, дастрас карданд. Онҳо гуфтанд, дар бадани Шоира пайи латту кӯбро мушоҳида кардаанд. Бобо Ҷобиров, бародари Шоира, гуфта буд, ки сарбози пойгоҳи 201-уми Русия баъд аз бадрафторӣ бо хоҳари 22-солааш ӯро ба қатл расонда, дар қуттии ахлот ё "мусор"-и назди пойгоҳ партофтааст.

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 10 ноябр аз қатли Шоира Ҷобирова дар ҳудуди пойгоҳи 201-уми Русия, воқеъ дар пойтахт шадидан нигаронӣ карда, дар ин бора ба сафири Русия Игор Лякин-Фролов ёддошт ё нота супурд. Аслов гуфта буд, ин ҳодиса ба рӯҳияи дӯстии анъанавӣ ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Русия посухгӯ нест.

Дар ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид шудааст, "ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Русия талаб менамояд, то ба ҳодисаи рухдода баҳои воқеъбинона дода, ҷиҳати роҳ надодан барои такрор шудани чунин рафторҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон чораҳои лозим андешида шаванд".

Дар тӯли ду соли охир чанд сарбози Русия дар заминаи содир кардани ҷиноятҳои марбут ба латту кӯб, талоши дуздии мол ва қатли шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт ва мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, додгоҳи гарнизони ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон рӯзи 26 августи соли гузашта бо қарори худ ду сарбози ин пойгоҳ - Илдар Сахапов ва Федор Басимовро дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон Раҳимҷон Тешабоев гунаҳкор эълон карда ва ба онҳо аз 13 то 17 сол ҳукми зиндон дод.

Бар асоси қарордоди Тоҷикистону Русия пойгоҳи 201 бо ҳафт ҳазор сарбозу афсараш то соли 2042 дар кишвар боқӣ хоҳад монд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG