Пайвандҳои дастрасӣ

Шаш медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои "Бачагони Осиё"


Шоҳрух Саидов, намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои "Бачагони Осиё"

Шоҳрух Саидов, намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои "Бачагони Осиё"

Абубакри Акобир, варзишгари навраси тоҷик, дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» дар Ёқутистони Русия дар мусобиқаи гуштии кураш бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 75 кг мақоми севумро касб кард. Дар ин вазн Шинтас Серикболсин аз Қазоқистон ғолиб шуд. Мурод Қараев (Туркманистон) медали нуқра гирифт. Ба ғайр аз Абубакри Акобир Арчакор Башир аз Ёқутистони Русия бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Ба ин тартиб, варзишгарони навраси тоҷик дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» дар мусобиқот аз рӯи бокс (писарону духтарон), гуштии озод, самбо, ҷудо ва кураш ширкат карда, ҳамагӣ шаш медал – ду нуқра ва чор биринҷӣ – ба даст оварданд.

Аввалин медалро дар ин Бозиҳо ба Тоҷикистон Шоҳрух Саидов овард. Ӯ дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 35 кг бо медали нуқра мукофотонида шуд. Авзалшоҳи Ҳикматулло, ки дар мусобиқаи гуштии озод дар вазни то 50 кг мақоми севумро касб кард, медали биринҷӣ гирифт. Сумая Қосимова (46 кг) ва Идимоҳ Холова (57 кг) дар мусобиқаи бокс миёни духтарон соҳибони медалҳои биринҷӣ гардиданд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 81 кг бо медали нуқра мукофотонида шуд. Медали Абубакри Акобир дар намуди гуштии кураш шашумин медали варзишгарони навраси тоҷик дар ин Бозиҳо ба шумор меравад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон, ки сардори шуъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад, рӯзи 17 июл аз шаҳри Якутски Русия хабар дод.

Ӯ афзуд, “дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё», ки дар шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон)-и Русия аз 6 то 16 июл баргузор шуданд, беш аз 3300 варзишгари наврас дар ҳайатҳои 43 даста аз 36 кишвар (дастаҳои мунтахаби кишварҳои узви Шӯрои олимпии Осиё, инчунин минтақаҳои Русия ва шаҳри Олимпи Қадимаи Ҷумҳурии Юнон) дар 22 намуди варзиш рақобат карданд.”

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҳавзаи федеролии Сибир бо касби 116 медал (49 тилло, 29 нуқра, 36 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) бо касби 97 медал (27-34-36) ҷойи дувум ва мунтахаби Қазоқистон бо касби 89 медал (25-28-36) ҷойи севумро ишғол карданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 6 медал (2 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар байни 43 даста дар ҷойи 21-ум қарор гирифт. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷуз Қазоқистону Тоҷикистон, инчунин Қирғизистон бо касби 17 медал (3-2-12) дар зинаи 12-ум ва Туркманистон бо касби 9 медал (1-3-5) дар зинаи 15-ум ҷойгир шуданд. Вале варзишгарони навраси Узбакистон дар ин Бозиҳо иштирок накарданд.

Умуман, ҳамагӣ 33 даста бо медалҳои Бозиҳо мукофотонида шуданд. Варзишгарони 25 даста бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Бозиҳои байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» бо ибтикори аввалин президенти Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) Михаил Николаев сар аз соли 1996 барои бори шашум баргузор шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG