Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми «Роҳи абрешим – Ҳуашан-2016» (Silk Road – Hua Shan Cup-2016) барандаи медалҳои нуқра гардид.

Дар бозии даври ниҳоии мусобиқот рӯзи 15 июл дар шаҳри Вэйнани Чин баргузор шуд, футболбозони навраси тоҷик таҳти раҳбарии Зайниддин Раҳимов бар дастаи мизбонон – мунтахаби Чин - бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягона ва ҳалкунандаро Ваҳдат Ханонов дар дақиқаи 61-ум ба ҳадаф расонд. Дарвоқеъ, аз рӯи натиҷагирии мусобиқот Ваҳдат Ханонов бо ҷоизаи беҳтарин ҳамлагар сарфароз гашт.

Дар бозии дигари даври охирини мусобиқот мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.

Ба ин тартиб, мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо 9 имтиёз ғолиби мусобиқоти байналмилалии Ҷоми «Роҳи абрешим – Ҳуашан-2016» (Silk Road – Hua Shan Cup-2016) гардид.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 6 имтиёз барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Медалҳои биринҷиро бо 3 имтиёз мунтахаби наврасони Чин ба даст овард.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар нахустин бозиаш дар ин мусобиқот аз тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд. Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро Тоҳир Малодӯстов дар дақиқаи 76-ум ба ҳадаф расонд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар дувумин бозиаш бар тими Туркманистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Шервонӣ Мабатшоев, Ваҳдат Ханонов ва Ҳувайдо Малиев заданд.

Ҷоми «Роҳи абрешим – Ҳуашан-2016»:

Даври 1-ум

Кореяи Ҷанубӣ – Тоҷикистон – 3:1

Голи Тоҷикистон: Тоҳир Малодӯстов, 76.

Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Далер Азизов, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдо Малиев, Манучеҳр Сафаров, Султоншо Мирзоев, Мубинҷон Муъминов, Амир Иброҳимов, Шервонӣ Мабатшоев, Фаридун Неъматов, Далер Ёдгоров, Аваз Қамчинов.

Чин – Туркманистон – 4:1

Даври 2-юм

Туркманистон – Тоҷикистон – 2:3

Голҳои Тоҷикистон: Шервонӣ Мабатшоев, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдо Малиев.

Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Далер Азизов, Ваҳдат Ханонов, Саидмухтор Азимов, Ҳувайдо Малиев, Султоншо Мирзоев, Далер Ёдгоров, Мубинҷон Муъминов, Амир Иброҳимов, Шервонӣ Мабатшоев, Манучеҳр Сафаров, Фаридун Неъматов.

Чин –Кореяи Ҷанубӣ – 0:1

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Чин – 1:0

Гол: Ваҳдат Ханонов, 61.

Тоҷикистон: Далер Азизов, Ваҳдат Ханонов, Саидмухтор Азимов (Шаҳзод Давлатов, 90+4), Ҳувайдо Малиев, Султоншо Мирзоев, Далер Ёдгоров (Мубинҷон Муъминов, 46), Амир Иброҳимов, Шервонӣ Мабатшоев (Шарифҷон Ҷамолов, 90+2), Манучеҳр Сафаров, Фаридун Неъматов, Аваз Камчинов (Тоҳир Малодӯстов, 46).

Кореяи Ҷанубӣ – Туркманистон – 3:0

XS
SM
MD
LG