Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарони идораи полиси Арманистон ҳушдор доданд, ки агар музокирот бо гаравгонгирҳо аз гурӯҳи “Маҷлиси муассисон” ноком шавад, онҳо амалиёти вижаи низомиро роҳандозӣ хоҳанд кард.

Дар шаҳри Ереван музокирот бо гурӯҳи мухолифини тундрав аз созмони “Маҷлиси муассисон”, ки дар бинои полис чанд нафарро гаравгон гирифтаанд, ҳанӯз ҳам идома дорад.

Ҳунан Погосян, муовини раиси идораи полиси Арманистон рӯзи 17 июл ба хабарнигорон гуфт, мақомоти амниятӣ мехоҳанд ҳамлагаронро барои лағви талаби раҳоии яке аз раҳбарони “Маҷлиси муассисон Жирайр Сефилян мутмаин созанд. Мақомоти полис Сефилянро дар ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ айбдор мехонанд. Ба иттилои расмӣ, ӯ ва шаш нафари дигар рӯзи 20 июн ҳангоми харидани миқдори бузурги силоҳ барои гурӯҳи мусаллаҳ ба хотири ғасби биноҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Ереван дастгир шуданд. Аммо Сефилян ва ҳампаймонҳояш ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки боздошти яке аз раҳбарони гурӯҳи "Парлумони муассисон" ангезаи сиёсӣ дорад.

ПАХШИ ЗИНДА АЗ ЕРЕВАН:

Рубик Миносиён, хабарнигори эрониасли муқими шаҳри Ереван, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ҳамла ба идораи полис субҳи рӯзи якшанбе, 17 июл ба вуқӯъ пайваст. Тақрибан 30 нафари мусаллаҳ аз гурӯҳи тундрави мухолифи давлат бо мошини боркаш дарвозаи идораи полисро шикаста вориди бино шуданд.

Мусоҳиби мо бо такя ба иттилои масъулини полис тайид кард, ки ҳамлагарон муовини раиси полиси шаҳри Ереван Валерий Осипянро гаравгон гирифтаанд. Дар маҷмӯъ, тундравҳо ҳафт нафарро зери мили силоҳ нигаҳ медоранд.

Атрофи бинои идораи полисро низомиён печонида гирифтаанд, раиси полиси Арманистон Владимир Гаспарян ҳам дар ҷойи ҳодиса аст.

Ҳунан Погосян, муовини раиси полиси Арманистон, ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҳамла ба бинои идораи полис полковник Артур Ваноян кушта шудааст. Ба иттилои ӯ полковник Арам Ованнисян, подполковник Грач Хостегян, старшина Гагик Мкртчян ва чанд корманди дигари полис маҷрӯҳ шудаанд.

Муовини раиси полиси Арманистон афзуд, ки дар сурати ноком шудани музокирот кормандони полис ба амалиёти безараргардонии гаравгонгирҳо шурӯъ мекунанд.

Раисиҷумҳури Арманистон Серж Саргсян дар робита ба ин ҳодиса бо раҳбарони мақомоти қудрати нишасти фаврӣ доир намуд.

Варужан Аветисян, намояндаи гурӯҳи мухолифини тундрав “Маҷлиси муассисон” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иқрор кард, ки онҳо дар идораи полиси ноҳияи Эребунӣ чанд нафарро ҳамчун "гаравгон" нигаҳ медоранд ва дар бораи озод кардани онҳо бо мақомоти полису амниятӣ гуфтушунид мекунанд. Ӯ ҳамчунин эълом дошт, ки онҳо даст ба ошӯб заданд ва ҳадафашон сарнагунии ҳукумати феълӣ ва раҳоии ҳама маҳбусони сиёсӣ аст.

Рубик Миносиён ҳам мегӯяд, гурӯҳи “Маҷлиси муассисон” ҳамеша дар баёнияву мусоҳибаҳо эълом медошт, ки муборизаи мусаллаҳонаро яке аз роҳҳои хатми қудрати раисиҷумҳури феълии Арманистон Саргсян мехонад. Вале то имрӯз онҳо даст ба аслиҳа набурда буд, яъне ин аввалин ҳамлаи мусаллаҳонаи аъзои ин гурӯҳ аст, меафзояд мусоҳиби мо.

Гурӯҳи тундрави "Маҷлиси муассисон" пайваста дар Ереван раҳпаймоиҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Серж Саргсянро баргузор мекунад. Ҷонибдорони гурӯҳ, ба вижа, аз бархӯрди ҳукумат ба низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ, минтақаи баҳснок миёни Арманистону Озарбойҷон,норозиянд. Рубик Миносиён тавзеҳ кард, ки аз нигоҳи гурӯҳи тундрави Муҷлиси муассисон ҳукумат дар музокирот бо Боку гузашт карда мехоҳад баъзе аз манотиқи Қарабоғи кӯҳиро дар ихтиёри Озарбойҷон гузорад. Аммо мақомоти расмии Арманистон ин иттиҳомро рад мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG