Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Керрӣ: ИМА барои баррасии мавзӯи истирдоди Гулен омода аст


Эрдуғон ва Гулен (аксҳо аз бойгонӣ)

Эрдуғон ва Гулен (аксҳо аз бойгонӣ)

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи 16 июл изҳор намуд, ки Вошингтон барои баррасии дархости Туркия оид ба истирдоди рӯҳонии турки муқими Амрико Фатҳуллоҳ Гулен омода аст. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, ахиран ин рӯҳониро дар даст доштан дар кӯшиши табаддулоти давлатии шаби 15 июл айбдор кард.

Ҷон Керрӣ ҳамзамон гуфт, ки барои баррасии мавзӯи истирдоди Гулен ба Туркия мақомоти амрикоӣ бояд далелҳои мӯътамади даст доштани ӯ ба фаъолияти зиддиҳукуматиро дар ихтиёр дошта бошанд.

Вазири умури хориҷии ИМА, ки дар Люксембург бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, афзуд, ҳанӯз Туркия ба Амрико дархости истирдоди Фатҳуллоҳ Гуленро накардааст.

Фатҳуллоҳ Гулен, ҳампаймони пешини Эрдуғон буд ва ҳоло аз рақибони сиёсияш маҳсуб мешавад. Рӯҳонии 75-сола дар аёлати Пенсилвания ИМА ба сар мебарад. Фатҳуллоҳ Гулен талоши табаддулоти давлатиро маҳкум кард ва ҳама гуна ҳадсу гумонҳо дар бораи даст доштанаш дар ин ошӯби низомиёнро рад намуд. Ӯ иттиҳоми Эрдуғонро “таҳқиромез” номид.

Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим рӯзи шанбе изҳор намуд, ҳар кишваре, ки аз Гулен пуштибонӣ мекунад, душмани Туркия эълон хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тапйид Эрдуғон баъд аз зуҳри рӯзи 16 июл эълом дошт, ки талоши табаддулоти давлатӣ аз сӯи гурӯҳи низомиёни кишвар ноком шуд ва саркардаҳои табаддулотро муҷозоти сангин интизор аст.

XS
SM
MD
LG