Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пас аз "селфӣ"-и пурҳаёҳу, Қандил Балучро бародараш кушт


Тибқи иттилои расонаҳои покистонӣ, Қандил Балуч, яке аз чеҳраҳои шинохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Покистон, аз сӯи бародараш кушта шудааст.

Рӯзномаи англисизабони "Dawn" хабар дод, ки Қандил Балуч шаби ҷумъа ба шанбеи 16-уми июл дар шаҳри Мултон воқеъ дар иёлати Панҷоб аз сӯи бародараш кушта шудааст. Ба гуфтаи ин расонаи покистонӣ, ҳодиса зоҳиран "қатли номусӣ" будааст.

Раиси пулис дар ин минтақа Аъзам Султон ба ин рӯзнома гуфтааст, ки аз ин қабл бародари Қандил Балуч дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хоҳарашро барои нашри видое ва аксҳо таҳдид карда буд.

Ба гуфтаи пулис, Васим -- бародари Қандил Балуч пас аз як ҷанҷоли лафзӣ хоҳарашро кушта ва фирор кардааст ва ҳоло дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Пулис гуфтааст, ки Қандил Балуч аз як ҳафта ба ин тараф дар шаҳри Мултон бар сар мебурд ва ба дидору падару модараш омада буд.

Аз ин қабл расонаҳои покистонӣ навишта буданд, ки Қандил Балуч аз таҳдидҳо ба худ нигаронӣ намуда ва аз ҳукумат хоста буд, ки амнияти ӯро таъмин намоянд.

Қандил Балуч ахиран ба хотири дидор бо як муфтии покистонӣ дар моҳи Рамазон, ба яке аз чеҳраҳои хабарсоз табдил шуда буд. Моҳи Рамазон дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои кӯтоҳ ва тасвирҳое ба нашр расидаанд, ки нишон медод, Муфтӣ Абдулқавӣ, як олими динии покистонӣ дар канори Қандил Балуҷ, шона ба шона нишастаанд.

Дар яке аз ин аксҳо Қандил Балуч, ки либоси танге ба бар дошт, кулоҳи Муфтӣ Абдулқавиро ба сар карда ва бозувонаш ҳам намоён буд. Дар акси дигар Қандил Балуч бо ишва ба назар мерасид ва Муфтӣ Абдулқавӣ дар канори Қандил Балуч ва дар даст телефон сӯҳбат мекард. Аксҳои мазкурро Қандил Балуч дар саҳифаи хусусиаш дар Фейсбук нашр кард, ки онро ҳазорон нафар дидаву ба дӯстонашон фиристоданд.

Баъди нашри ин аксҳо, олими динии Покистон дар мусоҳибаҳои телевизионӣ гуфт, ки Қандил Балуч худаш хост, бо ӯ мулоқот кунад. Ба қавли Муфтӣ Абдулқавӣ, ҳангоме ки ӯ саргарми сӯҳбати телефонӣ буд, хонум Балуч кулоҳашро гирифта ба сари худаш гузошта ва аксҳои “селфӣ” бардошт.

Аммо Қандил Балуч дар мусоҳибаҳои гуногуни телевизионӣ гуфта буд, ки Мулло Абдулқавӣ худаш зимни як барнома дар гузашта ӯро ба мулоқот хост, “то пеш аз ифтор ба моҳи рӯи ӯ бингарад ва бо муҳаббати рӯи у ифтор кунад.”

Олими динии Покистон гуфта буд, ки Қандил Балуч дар ҳаққи ӯ тӯҳмат мекунад, зеро мехост, ин духтарро "ба роҳи рост ҳидоят кунад ва ба ӯ насиҳат кардааст, ки дар моҳи Рамазон намоз бихонад."

Баъди ғавғову ҳаёҳу дар бораи рафтори ин олими динӣ дар Покистон, Муфтӣ Абдулқавиро аз узвияти Кумитаи Рӯъёи Ҳилол, хориҷ карданд. Кумитаи мазкур, ки тобеи вазорати умури динии Покистон аст, баъди мушоҳидаи моҳ рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбонро эълон мекунад ва як кумитаи мӯътабар ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG