Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 2800 сарбоз ва афсари баландрутбаи Туркия боздошт шуданд


Нахуствазири Туркия эълон кард, ки дар пайи талоши табаддулоти давлатӣ аз сӯи гурӯҳе аз низомиён, 164 нафар ба ҳалокат расида ва 1440 тани дигар захмӣ шудаанд.

Биналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия рӯзи 16 июл ба шабакаи телевизионии Haberturk ҳамчунин аз боздошти 2839 низомӣ хабар дод.

Қаблан мақомоти расмӣ эълон карданд, ки 5 генерал ва 29 афсари баландпояи артиш бинобар даст доштан дар талоши табаддулоти давлатӣ барои сарнагун кардани ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон, аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Аммо маълумоте, ки иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Ситоди артиши Туркия генерал Умед Дундар дар бораи қурбониёни нооромиҳои шаби гузашта ироа кард, аз омори пешниҳоднамудаи нахуствазир фарқ мекунад.

Генерал Дундар дар Анқара ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҷараёни талоши табаддулоти давлатӣ 104 сарбози тарафдори кудаточиён ба ҳалокат расиданд. Вай афзуд, ки 90 нафар ба шумули 41 пулис ва 47 ғайринизомӣ "шаҳид" шуданд.

Дар шаҳри Анкара рӯзи 16 июл ҷаласаи изтирории парлумони Туркия баъд аз талоши табаддулоти давлатӣ баргузор шуд. Ду ҳизби мухолифи давлат талоши табаддулоти давлатиро маҳкум карданд.

Охирин гурӯҳи ошӯбгарон - тақрибан 50 сарбоз, ки дар купруки болои Босфор аз тонкҳо сӯи мардуми осоишта оташ кушода буданд, таслим шуданд.

Умед Дундар, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ситоди кулли артиш, рӯзи 16 июл дар Анкара ба хабарнигорон гуфт, ки кӯшиши табаддулоти давлатӣ ноком шуд. Бино ба иттилои ахир 104 сарбозе, ки дар сафи ошӯбгарон буданд, кушта шуданд. Бар асари бенизомиҳо ва бархӯрдҳо дар манотиқи гуногуни кишвар, тақрибан 90 нафар - 41 корманди полис ва 47 сокини осоишта ба ҳалокат расида, беш аз 1100 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд, афзуд Умед Дундар.

Ба гуфтаи ӯ, як теъдод аз афсароне, ки дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ даст доранд, ҳанӯз дар озодиянд ва макони буду боши онҳо маълум нест. Аз ин пеш нахуствазир Биналӣ Йилдирим гуфта буд, ки гурӯҳе аз ошӯбгарон чанд чархбол ва ҳавопаймои низомиро рабуда, фирор кардаанд.

Умед Дундар гуфт, дар ҷараёни амалиёти вижа аз аъзои Ситоди кулли артиш, ки ошӯбгарон асир гирифта буданд, фақат раиси Ситод Ҳулусӣ Окар озод карда шуд.

Гуфта мешавад, ки кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз сӯи фармондеҳони нерӯҳои ҳавоии Туркия, жандармерия, ки ба ҳайати артиш шомил аст, ва чанд қисми низомии зиреҳпӯшӣ сурат гирифтааст.

Хабаргузории Ассошиейтед Пресс бо такя ба мақомоти расмии Туркия, ки аз бурдани номашон худдорӣ кардаанд, дар бораи омодагии ошӯбгарон ба таслим шудан ва раҳо кардани ҳама аъзои Ситоди кулл иттилоъ додааст. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон чанд соат пеш ба қароргоҳаш дар Анкара баргашт ва гуфт, ки ошӯб саркӯб шудааст ва саркардаҳои он ба таври шадид муҷозот мешаванд.

Ба гуфтаи нахуствазир Йилдирим, генерале, ки ошӯбро тарҳрезӣ карда буд, кушта шудааст ва тақрибан 800 нафар ба ҳабс гирифта шуданд. Ба думболи ин хабаргузориҳо бо такя ба мақомоти расмӣ, дар бораи ҳабси беш аз 3 ҳазор афсару сарбоз хабар доданд. Садҳо нафар худро ба мақомот таслим карданд.

Вазири умури дохилии Туркия Эфкан Ала дар бораи истеъфои панҷ генерал ва 29 полковник амр содир намуд.

Дар хиёбонҳои Анкара ва Истамбул ҳанӯз ҳам техникаи низомӣ ба чашм мерасад. Телевизиони давлатӣ пахши барномаҳояшро аз сар гирифт.

Шаби гузашта як гурӯҳ аз низомиёни турк эълом доштанд, ки ба ҳайати фармондеҳӣ итоат нахоҳанд кард. "Шӯрои сулҳ", ки ба он афсарони воломақом шомил буданд, дар бораи дар Туркия ҷорӣ кардани вазъи низомӣ ва барканории ҳукумати феълӣ хабар дод.

Мардуми Туркия монеи табаддулот шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Афсарони ошӯбгар тавассути танку чархболҳо ба бинои ситоди хадамоти кашф ва бинои парлумон дар Анкара ҳамла карда, атрофи қасри раисҷумҳурро иҳот намуданд. Гурӯҳи дигар аз низомиёни шуришӣ майдони марказии Истамбул ва курпур аз болои гурӯгоҳи Босфорро ишғол карданд.

Ҳавопаймоҳои ҷангии артиш ба тонкҳо, ки атрофи қасри раисҷумҳурро муҳосира карда буданд, зарба заданд. Раисиҷумҳур Эрдуғон дар як изҳорот аз тариқи телефони мобил аз шаҳрвандон хост, ки ба хиёбонҳо бирезанд ва аз ҳукумати қонунӣ дифоъ намоянд. Ва ин даъвати ӯ даҳҳо ҳазор нафарро ба кӯчаву хиёбонҳо кашонд.

Раисиҷумҳур баъд аз зуҳри рӯзи 16 июл эълом дошт, ки талоши табаддулоти давлатӣ аз сӯи низомиёни кишвар ноком шуд ва саркардаҳои табаддулотро муҷозоти сангин интизор аст. Дар нишасти хабарӣ дар Анкара ӯ гуфт, ки кӯшиши табаддулот аз сӯи гурӯҳи хурд дар артиш анҷом шудааст. "Худо хоҳад мо то охир иҷрои масъулиятҳоямонро идома медиҳем ва ҳеҷ гоҳ кишварро ба дасти ин музоҳимон намедиҳем", афзуд сарвари Туркия.

Ӯ аз афсарону сарбозони боқимонда хост, ки силоҳ ба замин гузоранд. "Барои сарбозони мо қобили қабул нест, ки мили аслиҳаи худро сӯи мардум, сӯи модари худ, падари худ ва бародари хоҳари худ гардонад. Он аслиҳаро мардуми ҳамин кишвар ба ушмо додаанд. Агар шумо аслиҳаро алайҳи онҳо истифода кунед, қимати гароне пародохт хоҳад кард. Шумо бояд аз ин роҳи хато баргардед!"

Дар ҳамин ҳол маълум нест, ки пушти саҳнаи ин ошӯб киҳо нишастаанд. Мақомот ҳанӯз расман аз касе ба унвони тарҳрези табаддулоти давлатӣ ном набурдаанд.

Аббос Ҷаводӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, аз ибтидо Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва дигар мансабдорони воломақом дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ гурӯҳи хурди низомиёни ҷонибдори рӯҳонии турки муқими Амрико Фатҳулло Гуленро айбдор карданд. Ҳукумат ҷонибдорони Гуленро “гурӯҳи террористи”-е мехонад, ки муддати тулонӣ барои кудато ба хотири сарнагун сохтани ҳукумати феълӣ омодагӣ мегирифт.

Аббос Ҷаводӣ
Аббос Ҷаводӣ

Ба гуфтаи Аббос Ҷаводӣ, тайи ду даҳсолаи ахир ҷонибдорони Гулен дар артиш, полис, низомӣ додгоҳӣ ва бахши таҳсилу тадрис мақом пайдо карданд. Онҳо дар ибтидои солҳои 2000-ум ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон барои расидан ба қудрат ва сипас барои дубора дар мақом мондан кӯмак карданд. Зимнан, Фатҳуллоҳ Гулен аз соли 1999 дар Амрико ба сар мебарад ва гуфта мешавад, ки аз он ҷо ба ин шабакаи ҷонибдоронаш раҳбарӣ мекунад.

Аббос Ҷаводӣ меафзояд, соли 2011 Эрдуғон ҳама гуна робитаҳо бо Фатҳуллоҳ Гуленро барканд ва мансабдорони ҷонибдорони ӯро аз полису артиш берун намуд, ҳарчанд, тавре дида мешавад, гурӯҳҳое аз ҷонибдорони рӯҳонии маъруф дар артиш боқӣ монданд.

Мусоҳиби мо мегӯяд, кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз сӯи «гурӯҳи Гулен» бидуни пуштибонӣ аз сӯи аҳзоби мухолифи давлат сурат гирифтааст. Аз ин рӯ баъди камтар аз 12 соат аз шурӯи ошӯб маълум буд, ки он ноком мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар таърихи навини Туркия низомиён чаҳор бор даст ба табаддулоти давлатӣ заданд ва сетои онҳо муваффақ буданд. Охирин кудатои низомӣ соли 1997 сурат гирифта буд. Артиш дар Туркия ба гуфтаи Аббос Ҷаводӣ, маъруфу маҳбуб аст, зеро он кафил ё зомини оромиши иҷтимоиву қавмӣ дар кишвар маҳсуб мешавад.

Инсофан бояд иқрор кард, ҳамеша артиш мегуфт, ки мо ба хотири пешгирӣ аз ошӯб амал мекунем ва на ба хотири мондан дар ҳукумат. Ва воқеъан ҳам баъд аз чанд сол зимоми қудрат дар ихтиёри ҳукумати аз рӯи қонун интихобшуда мегузоштанд, меафзояд Аббос Ҷаводӣ.

Аммо аз сӯи дигар, ба гуфтаи мусоҳиби мо, вазъ дар Туркия иваз шудааст – тақрибан 15 сол боз дар Туркия ҳукумате сари кор аст, ки агар пурра исломӣ ҳам набошад, ҳадди аққал тарафдори тафаккури исломист. Фишори андешаҳои демократӣ ҳам дар кишвар зиёд аст ва имрӯз дар афкори умумии мардум Туркияи таҳти султа ё ҳокимияти генералҳо қобили қабул нест. Ҳаводиси ахир дар Туркия ҳам, ки мардуми пуштибон аз ҳукумат алайҳи кӯшиши табаддулоти давлатӣ бархостанд, инро бори дигар собит кард. Зимнан, аз тарафдорони ошӯбгарон касе наомад ва худашон ҳам намехостанд , зеро ҳамеша мегуфтанд, ки шумо дар хона бимонед, меафзояд Аббос Ҷаводӣ. Ба гуфтаи ӯ, Туркияи таҳти назорати низомиёнро Аврупо ҳам намепазирад, барои Ховари Миёна низ Туркия ҳамеша як модели кишвари озод буду ҳаст.

XS
SM
MD
LG