Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чаҳор нафари гумонбар дар ҳамлаи Нитса


Дар Фаронса чаҳор нафар бо гумони даст доштан дар ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Нитса боздошт шуданд. Ба иттилои хабаргузории AFP, кормандони полис се мардро субҳи рӯзи 16 июл ва як нафари дигарро як рӯз пеш дастгир карданд.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, ҳамсари собиқи ронандаи мошини боркаш, ки ҳангоми таҷлили Рӯзи Бастилия дар соҳили Англисӣ одамони зиёдеро зер кард, дар боздоштгоҳ боқӣ мемонад. Дар ин ҳодиса 84 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 200 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Табибон вазъи аксари маҷрӯҳонро вахим арзёбӣ мекунанд.

Ронандаи мошин – шаҳрванди тунистабори Фаронса Муҳаммад Ляуэйж-Булэл аз тири кормандони полис кушта шуд. Дар бораи робитаҳои ӯ бо гурӯҳҳои тундрав иттилое нест. Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

Тайи якуним соли ахир ин саввумин ҳамлаи бузурги террористӣ дар Фаронса аст – моҳи январи соли 2015 дар Порис чанд ҳамла, аз ҷумла, ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии Charlie Hebdo сурат гирифт, ки дар онҳо 17 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ҳамлаи дуввум – шоми 13 ноябри соли гузашта 130 нафар ҷон бохтанд. Масъулияти ҳарду ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифта буд.

Аз моҳи ноябр дар Фаронса вазъи фавқулодда ҷорист. Раисиҷумҳур Франсуа Ҳолланд баъд аз ҳамла дар Нитса мӯҳлати вазъи фавқулоддаро барои се моҳи дигар тамдид кард.

XS
SM
MD
LG