Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Фаронса номи ҳамлакунандаро эълон карданд


Мақомоти Фаронса мегӯянд, марде ки мошини бориро аз болои одамон рондааст ва 84 нафарро дар хиёбони марказии Нис куштааст, шаҳрванди 31 солаи туниситабори Фаронса будааст.

Бозрасон сабаҳо ва ангезаҳои ин ҳамларо таҳқиқ мекунанд. Дар 19 моҳи охир ин севвумин ҳамлаи даҳшабори террористӣ дар Фаронса мебошад.

Додситони Порис мегӯяд, то ҳол касе масъулияти ин ҳамларо бар душ нагирифтааст ва дар паси он ягон созмони террористӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар миёни 84 нафари кушташуда 10 нафар кӯдакон будаанд. Аз 202 нафар одамони маҷрӯҳ вазъи саломатии 52 нафари онҳо вазнин аст.

Додситон гуфтааст, асноди пайдошуда аз мошин гувоҳӣ медиҳад, ки ин ҳамлакунанда Муҳаммад Лаҳвич Буҳилол ном доштааст. Бино ба гузоришҳо, Буҳилол сокини Нис будааст ва дар гузаштаҳо аз пулис пинҳон мешудааст ва номаш дар феҳристи хадамоти кашфи Фаронса вуҷуд надорад.

Дар Фаронса се рӯз мотами миллӣ эълон шудааст. Табибон ба муолиҷаи одамони маҷруҳ идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG