Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Азия-плюс" 25 соат барномаи зинда пахш мекунад


Asia-plus studio
Asia-plus studio

Радиои Азия-плюс бо ташкили як марафон ба пахши барномаи мустақими 25-соата дар кишвар рекорд мегузорад. Рекорди тулонитарин барномаи зиндаи радиоиро 3 хабарнигори ин радио - Дарья Христолюбова, Бехрӯзи Шаҳриёр ва Мубориз Усмонов аз нисфирӯзии 15-уми июл то зуҳри 16-ум бетанаффус назди микрафон ба таври зинда бо шунавандаву меҳмонони худ сӯҳбат хоҳанд кард.

Паврона Аҳрорӣ, раҳбари кулли ширкати телевизион ва радиои Азиа- плюс дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми июл гуфт, ин марафони бесобиқаи радиоӣ бахшида ба 20-солагии гурӯҳи расонаҳои “Азиа-плюс” ва 25-солагии истиқлолият роҳандозӣ шудааст ва маҳз ба ҳамин хотир ҳам барномаи 25-соатаро омода намудаанд.

Хонум Аҳрорӣ афзуд, ки “ин як саҳми хурди мо барои беҳтар ва идона кардани табъи сокинони кишвар аст. Дар барномаи 25-соатаи Азиа-плюс мутахассисони қишр ва касбу кори гуногун, духтурон омӯзгорону тоҷирон, ошпазҳову ронандаҳо, кормандони ёрии таъҷилӣ ва оташнишонӣ ширкат мекунанд. Ин марафонро тамоми ҷаҳон тариқи онлайн мешунаванд. Ҳамин ҳоло ба мо аз Олмон занг омад, пештар аз Калининград ба мо занг заданд. Яъне, мардум моро мешунаванд ва барнома хуб мегузарад. Мо тарафдори сулҳ ва дӯстӣ дар ҷаҳон ҳастем.”

Ба гуфтаи хонум Аҳрорӣ, дар барномаи мустақими 25-соатаи радиои “Азиа Плюс” овозхонони маъруфи кишвар ҳам даъват шуда ва таронаҳои худро ба таври зинда ва бидуни фонограмма пешниҳоди шунавандаҳои радио мекунанд: “Дар соатҳои аввали барномаи мустақими 25-соата? гурӯҳи “Авесто” бо таронаҳои тозаи худ табъи шунавандаҳоро болида кард/”

Хонум Аҳрорӣ меафзояд, то имрӯз дар таҷрибаи кори радиоҳои мавҷи ФМ-и кишвар барномае дар ин ҳаҷм ба таври зинда пахш нашуда буд. Худи hадиои Азиа-плюс, ки 24 соат пахши барнома дорад, танҳо 7 соаташ дар як шабонарӯз бо ду забон -- тоҷикӣ ва русӣ ба таври мустақим сабт мешавад. Ба гуфтаи Парвона Аҳрорӣ, ҳама 3 ровии барномаи мустақим хуб тайёрӣ дидаанд ва омодаанд як шабонарӯзу як соат назди микрафон бо шунавандаву меҳмонони худ сӯҳбат кунанд ва нахустин рекордро дар самти пахши тӯлонитарин барномаи зинда гузоранд.

XS
SM
MD
LG