Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО ва Тоҷикистон бо терроризм мубориза мебаранд


Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО ва Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризм ва таъмини амниятӣ минтақа, бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд.

Ин нуқта рӯзи 15-уми июл дар мулоқоти Сафири Фавқуолда ва Мухтори Тоҷикистон дар шоҳигарии Белгия ва Иттиҳодияи Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Йенс Столтенберг садо дод. Ба иттиллои сафорати Тоҷикистон дар шоҳигарии Белгия ва Иттиҳодияи Аврупо, ҳамин рӯз Эркинхон Раҳматуллозода эътимодномаи худро ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон дар назди НАТО ба дабири кулли ин созмон тақдим намуд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар сӯҳбати Эркинхон Раҳматуллозода бо дабири кулли НАТО рӯи масоили мухталиф, аз ҷумла мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, тақвияти амнияти марзӣ, таҳкими ҳамоҳангӣ дар мубориза бо маводи мухаддир, ҳамкорӣ дар амри пок кардани минаҳо дар қаламрави Тоҷикистон, расонидани навъҳои мухталифи абзорҳои низомӣ ба Тоҷикистон, банақшагирии вокуниш ба ҳодисаҳои фавқулодда ва кӯмак ба осебдидагони офатҳои табиӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар ин мулоқот гуфтааст, ки ин созмон дар чаҳорчӯбаи барномаи "Шарикӣ баҳри сулҳ", ки Тоҷикистон низ узви он аст, омодаи расонидани ёриҳо дар бахшу соҳабаҳои ҳамоҳангшуда мебошад. Сафири Тоҷикистон ва дабири кулли НАТО ҳамчунин дар робитаи ба нишасти ахири он созмон дар Варшава -- пойтахти Лаҳистон, ки дар он масъалаи сулҳу субот дар Афғонистон аз мавзӯъҳои меҳварӣ буд, гуфтугӯ намуданд. Ҷониби Тоҷикистон ва НАТО бори дигар мавқеъҳои ҷонибҳоро оид ба зарурати анҷом додани ҳамоҳангиҳои лозим дар ин мавзӯи барои ҳамаи минтақа, муҳим хонданд.

XS
SM
MD
LG