Пайвандҳои дастрасӣ

Ду мусовӣ ва як бохти мунтахаби Тоҷикистон аз Узбакистон


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд бо тими миллии Узбакистон се бозии дӯстона анҷом дод. Ду бозӣ мусовӣ шуд ва дар як бозӣ мизбонон ғолиб омаданд.

Бозии аввали дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футзали Узбакистону Тоҷикистон, ки 12 июл дар Маҷмааи варзишии “Узбакистон”-и шаҳри Тошканд баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт. Дар бозии дувум 13 июл мизбонон бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд. Бозии севуми ин дастаҳо 14 июл бо ҳисоби мусовии 5:5 ба охир расид.

Бояд тазаккур дод, мунтахаби футзали Узбакистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2016 моҳи феврал дар Тошканд барандаи медалҳои нуқра гардид ва ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки моҳи сентябр дар Колумбия баргузор мешавад, мушарраф гаштааст.

Бозиҳои дӯстона

Узбакистон – Тоҷикистон – 3:3

Голҳо: Файзалӣ Сардоров, 6 (0:1). Акбар Усмонов, 7 (1:1). Дилшод Раҳматов, 8 (2:1). Файзалӣ Сардоров, 16 (2:2). Файзалӣ Сардоров, 23 (2:3). Дилмурод Шавкатов, 27 (3:3).

12 июл. Тошканд. Маҷмааи варзишии«Узбакистон».

Узбакистон – Тоҷикистон – 2:1

Голҳо: Илҳом Раҷабов, 10 (1:0). Нодир Элибоев, 20 (2:0). Файзалӣ Сардоров, 34 (2:1).

13 июл. Тошканд. Маҷмааи варзишии«Узбакистон».

Узбакистон – Тоҷикистон – 5:5

Голҳо: Собирҷон Гуляков, 7 (0:1). Дилшод Раҳматов, 12 (1:1). Файзалӣ Сардоров, 16 (1:2). Мансур Мамедбобоев, 21 (1:3). Собирҷон Гуляков, 24 (1:4). Элдор Ҳошимов, 27 (2:4). Илҳом Ҳамроев, 32 (3:4). Дилмурод Шавкатов, 34 (4:4). Дилшод Ирсалиев, 35 – дабл-пеналтӣ (5:4). Файзалӣ Сардоров, 39 – дабл-пеналтӣ (5:5).

14 июл. Тошканд. Маҷмааи варзишии«Узбакистон».

XS
SM
MD
LG